Парвон дар зери борону сел

Пас аз борони сахт ва селхезии шаби гузашта дар вилояти Парвони Афғонистон 68 нафар ҷон бохта ва садҳо хона вайрон шудааст.

Вазорати мубориза бо ҳодисаҳои табииӣ Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе бо нашри як баёния гуфт, ки чандин кӯдак дар миёни қурбониёни ҳодиса будаанд. Камаш 90 нафар бар асари ин ҳодиса захмӣ шудаанд ва 300 хона тахриб шудааст. Боронгарӣ ва селобҳо солона дар Афғонистон ҷони даҳҳо нафарро мегирад. Дар оғози моҳи ҷорӣ дар вилояти Нангарҳор воқеъ дар шарқи Афғонистон дар пайи селобҳо 16 нафар, аз ҷумла 15 кӯдак ҷони худро аз даст доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *