Пас аз ду моҳ. Ализода Наврӯз раиси ноҳияи Мастчоҳ шуд

Ализода Аъзам Наврӯз, ки то ин вақт иҷрокунандаи раиси ноҳияи Мастчоҳ буд, раиси ноҳияи мазкур таъйин шудааст.

Фармони Президент дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъйин намудани Ализода Наврӯз рӯзи 17 -уми ноябр содир шудааст”, — гуфтааст манбаи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ.

Гуфта мешавад, ки Ализода Наврӯз ду моҳ инҷониб пас аз даргузашти раиси пешин Тоҳир Азиззода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия буд.

Раиси нави ноҳияи Мазкур то ин замон сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд буд. Ёдовар мешавем, ки Тоҳир Азиззода 14 сентябр бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ ҳамагӣ 41-сол дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *