Паёми ҷовидонаи Ҳофиз дар меҳвари ҳамоиши байналмилалӣ

25 декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Паёми ҷовидонаи Ҳофиз» баргузор шуд.

Ҳамоишро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Зоирзода И.С. ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар доираи иқдомҳои фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани «Рӯдакӣ» аз 11 то 14 июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж Конфронси байналмилалии илмӣ ва барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» баргузор гардида буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамоиши имрӯза идомаи мантиқии он ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ҳамоиш омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи осори нотакрори Ҳофизи Шерозӣ, таҳлили паёми инсондӯстона ва ошкор намудани саҳми арзишманди ӯ дар рушди тамаддуни башарӣ мебошад.
Дар ҳамоиш адабиётшиносон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзида, маърузаҳои илмӣ ироа намуданд. Аз ҷумла, Абдунабӣ Сатторзода, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Нуралӣ Нурзод, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Баҳром Раҳматзод, директори Маркази илмии «Камоли Хуҷандӣ» ва Меҳриниссо Очилова, профессори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.

Ҳамчунин, тариқи маҷозӣ Иброҳим Ранҷбар, профессори Донишгоҳи Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ахлоқ Аҳмад Оҳан, профессор ва раиси Маркази мутолиоти Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неҳруи Ҳиндустон дар ҳамоиш суханронӣ намуданд.
Дар қисмати музокираи ҳамоиш баҳсҳои судманд, мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *