Задухӯрд дар марз ҷони ду хизматчии ҳарбии тоҷикро аз байн бурд

Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона миёни нерӯҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи қочоқбарони мусаллаҳи афғон ду хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, ҳодиса 24-уми декабр дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон рух додааст.

Дар ин задухӯрд подполковник Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович (таваллуд 01.12.1992) ва майор Қурбонов Исматулло Ғуломович (таваллуд 02.12.1997) ҷони худро аз даст додаанд.
Дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ се нафар аз гурӯҳи террористон ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, аз ҷои ҳодиса силоҳу муҳимоти ҷангии зиёд, аз ҷумла 3 адад силоҳи оташфишони тамғаи М-16, як адад автомати Калашников, 3 адад таппончаи истеҳсоли хориҷӣ бо таҷҳизоти садохомӯшкунак, 10 адад норинҷакҳои дастӣ, як адад дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *