Пешниҳоди Лукашенко дар мулоқот бо Сафири Тоҷикистон дар Белорус

Президенти Белорус Александр Лукашенко пешниҳод кард, ки самтҳои фаъолсозии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, бахусус дар пасманзари коҳиши ахири гардиши мол таҳия карда шавад.

Александр Лукашенко дар мулоқот бо Сафири Тоҷикистон дар Белорус Бахтовар Сафарзода дар ин хусус изҳори назар кард.

«Шумо ҳамчун сафир, дипломати хеле фаъол ва умедбахш ҳастед ва фикр мекунам, ки дар рушди муносибатҳои мо саҳми худро мегузоред»,- гуфт Александр Лукашенко.

Ба навиштаи хабаргузори “БелТа”, Александр Лукашенко қайд кард, ки иқтисод ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ асоси ҳар гуна муносибатҳои байнидавлатӣ мебошанд.

Ӯ дар бораи коҳиши ҳаҷми гардиши мол байни давлатҳо дар ду соли ахир изҳори назар карда, таъкид дошт, ки бо назардошти имконоти мавҷуда, сатҳи гардиши молу маҳсулот дар ҳаҷми 70, 80 ва ҳатто 100 млн доллар барои Тоҷикистону Белорус қариб ҳеҷ аст.

«Мо таҳкурсии муносибатҳои худро вайрон карда наметавонем. Тавре гуфтам, асос муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ аст. Бинобар ин, мо бояд дар ин ҷо бештар кор кунем, то гардиши молро ба марҳилае, ки дар аввал буд, баргардонем. Ва албатта, мо барои зиёд кардани муомилоти молу маҳсулот имкон дорем»,- гуфт президент.

Вай таъкид кард, ки дар равобит бо Тоҷикистон мавзуҳои пӯшида вуҷуд надоранд ва Белорус барои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар заминаи маҷмааи саноатии ҳарбӣ омода аст.

Зимни мулоқот таъкид шудааст, ки ҳарду кишвар тавонмандиҳои якдигарро хуб медонанд ва миёни мардуми Белорусу Тоҷикистон ва раҳбарони ин давлатҳо муносибатҳои деринаи дӯстона ва эътимодбахш густариш ёфтаанд.

Бахтовар Сафарзода саломи гарму самимӣ ва дӯстонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба сарвари давлати Белорус расонида, инчунин барои мулоқот изҳори сипос намудааст.

«Мо шуморо ҳамчун дӯсти бузурги Тоҷикистон ва дӯсти самимии роҳбари худ мешиносем. Дӯстии шумо барои мо, дипломатҳо, намояндагони мақомоти давлатӣ ва халқҳои бародари ду кишвар мояи ифтихор аст»,- таъкид доштааст сафир.

Гуфта мешавад, ки дар охири соли 2022 гардиши моли дуҷониба бо Тоҷикистон беш аз 78 миллион доллар ва содироти Белорус қариб 70 миллион долларро ташкил додааст.

Тибқи натоиҷи моҳҳои январ-ноябри соли 2023, ҳаҷми муомилоти мол 67,4 миллион долларро ташкил додааст. Илова бар ин, дар моҳҳои январ-октябри соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол 6,4 миллион долларро ташкил додааст. Дар Белорус 9 корхона бо сармояи Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла 2 корхонаи муштарак ва 7 корхонаи хориҷӣ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 20 субъекти тақсимоти маҳсулоти корхонаҳои Белорус ва як корхонаи муштарак мавҷуд аст. Дар заминаи ҶСК «Агросервис» (шаҳри Ҳисор) васлкунии техникаи гуногун, аз ҷумла МТЗ ва «Гомсельмаш» ва дар шаҳри Хуҷанд лифтҳои ҶСК «Могилевлифтмаш» таъсис дода шудаанд.

Моҳи октябри соли 2022 дар ҷараёни сафари президенти Белорус ба Тоҷикистон харитаи роҳ барои ҳамкориҳои дуҷониба барои солҳои 2022-2026 ба имзо расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *