Пешниҳоди профессор: Танзим дарс дода шавад

Профессор Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод карда, ки қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ба сифати як фанни алоҳида дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ дарс дода шавад.

Абдураҳмон Муҳаммад дар як матлаб, ки онро хабаргузории “Ховар” нашр кард, гуфтааст, бо ҷорӣ гардидани ин фан, таълими он ба зиммаи омӯзгорони фанни ҷамъиятшиносӣ ва ҳуқуқ вогузор шавад.

Ноиби президенти Аакадемияи илмҳои Тоҷикистон дар ин матлаб ҳамчунин пешниҳод карда, “тарғибу ташвиқи ҳамаҷониба ва босаводонаи қонуни танзим тавассути воситаҳи ахбори оммаи давлатӣ ба роҳ монда шавад ва ба ин кор мутахассисони варзидаи риштаи ҳуқуқ, ҷомеашиносӣ, исломшиносӣ, руҳониён ва рӯзноманигорон сафарбар карда шаванд”.

Дар пешниҳоди дигари худ Абдураҳмон Муҳаммад, таъкид намуда, ки шарҳу тафсири қонуни танзим аз ҷониби мутахассисон таҳияву нашр шуда, дастраси ҳар хонавода гардонда шавад. Ӯ қабулу татбиқи қонуни мазкурро яке аз муҳимтарин иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи фикрию фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию сиёсии миллат ва кишвар унвон кардааст: “Зеро татбиқи ин қонун боиси паст шудани сатҳи камбизоатӣ, поксозии афкори мардум аз хурофот, беҳбуди зиндагии иҷтимоии аҳолӣ ва тақвияти суботу амнияти миллии кишвар гардид”.

Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 сол қабл қабул шуд ва ахиран бо пешниҳоди раисҷумҳур ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Эмомалӣ Раҳмон моҳи июли соли равон ҳангоми мулоқот бо фаъолони кишвар гуфт, баъди қабул шудани қонун давоми 10 сол 18 миллиард сомонӣ маблағҳои сокинон сарфа шудааст. Дар тағйиру иловаҳо бархе меъёрҳои қонун шадидтар шуд. Аз ҷумла барои нақзи қонун мансабдорони давлатӣ аз мақом барканор хоҳанд шуд. Инчунин, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаи азодории “ҳафту чилу сол” манъ шуда, маросимҳои хатнасури кӯдакон бидуни даъвати овозхонҳо баргузор мешавад. Баргузории маъракаи “ҳоҷизиёрат” низ аз ин ба баъд мумкин нест.
 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *