Подполковник Нурхонов дастгир шуд

Муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии РВКД шаҳри Душанбе подполковник Фарҳод Нурхонов, ки дар ҳоли фирор қарор дошт, шоми 16 феврал дар ҷараёни як амалиёти  махсус  дар Душанбе дар назди бинои маъруф ба «Китайская стена” дастгир шудааст. Подполковник Нурхонов ва ду зердасташ ба шиканҷа ва берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ айбдор мешаванд. Сокини Душанбе Ҳамза Солеҳов мегӯяд, ки Нурхонов ва ду зердасташ вайро латтукӯб карда, ба баданаш нирӯи барқ мондаанд, то гуноҳи нокардаро ба гардан гирад. Онҳо ҳамчунин ба он айбдор мешаванд, ки мехостанд дар хонаи ҳамкори собиқашон Хуршед Абдуҳалимов пинҳонӣ маводи мухаддир гузошта, ӯро ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Наздикони Фарҳод Нурхонов мегӯянд, ки ӯ бевосита дар шиканҷаи Ҳамза Солеҳов иштирок надоштааст, вале ҳангоми боздошт ширкат дошт ва калиди ҳуҷраи кориаш дар дасти як ҳамкораш, ки ҳоло ба шиканҷа айбдор мешавад, будааст.

Аммо Ҳамза Солеҳов – ҷабрдидаи асосӣ дар ин парванда мегӯяд, нисбати ӯ тамоми намуди шиканҷаро раво диданд, то вай гуноҳи нокардаро ба гардан бигирад.

Бино ба маводи ин парванда, кормандони шуъбаи тафтишоти ҷиноии РВКД Душанбе кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Солеҳов Ҳ.Ш.-ро бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир карда, ӯро барои маҷбур кардан ба эътирофи гуноҳ шиканҷа додаанд ва дар натиҷа ба ӯ ҷароҳатҳое расондаанд, ки ҳамчун расондани осеб ба саломатӣ таъбир мешаванд: «Сират ва сифати ҷароҳатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин ҷароҳатҳо аз таъсири ҷисми сахту кунд мумкин аст дар санаи 07.01.2019 ба амал омада бошанд. Гирифтани ҷароҳатҳои ангушти дастон ва думбаи аз тарафи рост дар бадани Солеҳов Ҳ.Ш. аз таъсири ҷараёни барқ низ имконпазир мебошад.”

Кормандони милитсия сипас Ҳамза Солеҳовро маҷбур кардаанд, то дар хонаи язнааш Хуршед Абдуҳалимов, ки қаблан дар милитсия кор мекард, пинҳонӣ маводи мухаддир гузорад. Аммо рӯзи 7 январ, вақте Солеҳовро ба хонаи Абдуҳалимов мебаранд, ногаҳон соҳиби хона меояд ва кормандони милитсия нақшаи худро то охир расонда наметавонанд.

Аммо онҳо аз нақшаи худ ҳамоно даст намекашанд ва, тавре аз парванда бармеояд, Ҳамза Солеҳовро «бо зурӯ таҳдид ба манзили навсохти модарарӯсаш бурда» ба ин хона «ғайриқонунӣ ворид шуда» ва дар сақфи хона «як адад чизеро мегузоранд” ва сипас ба Фарҳод Нурхонов мегӯянд, ки «кор тамом”.

Баъдан аз ҳамон ҷо «як адад селофани полиэтилениро гирифта, бе тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ Ҳамза Солеҳовро ба РВКД Душанбе мебаранд.”

Дар матни пешниҳоди муфаттиши додситонӣ омадааст, ки «баъдан Ҳамза Солеҳовро дар ошёнаи якуми раёсат шиканҷа мекунанд, то гуноҳи нокардаро ба гардан бигирад».

Ҳамза Солеҳов гуфтааст: «маро ба нерӯи барқмонданд, то ба ҳадде ки чашмонам аз сарам мебаромад. Дастонам дар пушт баста буд, дар болоям одам баромада ва ба нерӯи барқ монданд. Ҳис кардам, ки нерӯи барқ мезанад, дод задам, ба даҳонам скоч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд.»

Ҳамза Солеҳов гуфт, ба ҳадде ӯро азоб доданд, ки розӣ шуд, зери ҳар санад имзо бигузорад ва имзо ҳам гузошт.

Прокуратура мегӯяд, ки  баъди ин подполковник Фарҳод Нурхонов ва Аваз Сабзаев язнаи Солеҳов — шаҳрванд Абдуҳалимов Хуршед Абдусаломовичро даъват карда, таҳдид кардаанд, ки агар 5 ҳазор доллар пора надиҳад, пои ӯро низ ба парвандаи муомилоти маводи нашъадор хоҳанд кашид.

Дар маводи парванда идомаи қазия чунин тасвир шудааст: «Дар натиҷаи бо исрор талаб кардани маблағи пулӣ Абдуҳалимов Х. рафта, дар назди манзили истиқоматиаш ба шахси фиристодаи Нурхонов Ф. 2800 доллари ИМА, яъне 28 адад купюраҳои 100-доллара медиҳад, ки пагоҳӣ Нурхонов Ф. гирифтанани маблағи пулиро тасдиқ намуда, боз соати 17:00 рӯзи 09 январи соли 2019 ӯро ба саҳни бинои РВКД Душанбе даъват намуда, ба назди муфаттиши калони ШТ РВКД Душанбе майори милитсия Ваҳҳобов Умед равон менамояд, ки ҳангоми суҳбат Ваҳҳобов У. аз Абдуҳалимов Х. барои бо дигар моддаи вазнинтар ҷавобгар накардани додарарӯсаш Солеҳов Ҳ. ва худи ӯро барои ба пуррагӣ аз ҷавобгарӣ дур намудан, тамаъҷӯӣ намуда, маблағи 2000 доллари ИМА ҳамчун пора талаб менамояд.”

Дар ниҳоят маслиҳати онҳо рӯи 1600 доллар қарор мегирад. Дар ивази ин пул, Ваҳҳобов розӣ мешавад, ки парвандаи Ҳ.Солеҳовро бар асоси қисми сеюми моддаи 201, бандҳои «а” ва «д” корбаст кунад.

Аммо Хуршед Абдуҳалимов дар бораи тамаъҷӯии кормандони РВКД Душанбе ба додситонӣ ва Агентии мубориза бо коррупсия шикоят бурд ва дар натиҷа, «11 январи соли 2019 тахминан соати 11-00 муфаттиши калони ШТ РВКД Душанбе майори милитсия Ваҳҳобов Умед Абдуҳалимов Х.-ро ба утоқи кории худ рақами 19-и РВКД Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 1 даъват намуда, аз ӯ маблағи пулии 1600 доллари ИМА-ро мегирад. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ 1600 доллар аз утоқи Ваҳҳобов ёфта, гирифта шуд.”

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи14-уми феврал дар нишасти хабариаш тасдиқ кард, ки нисбати Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев ва Икромиддини Аҳлиддин аз тарафи прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва тафтишот идома дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *