Президент ба чанд қонун имзо гузошт

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зери як қатор қонунҳое, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд, имзо гузоштааст.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳо “Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист” ва “Дар бораи сайёҳии дохилӣ” аз ҷумлаи қонунҳоеанд, ки Президент имзо кардааст.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ки тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади таҳкими фаъолияти ин мақомот ва мутобиқ намудани ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 ба Конститутсия воридшуда, баланд бардоштани масъулияти узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони ва аъзои ҳукумати кишвар равона гардидаанд:“Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист” бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба табиат зимни фаъолияти хоҷагидорӣ қабул гардида, тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, баҳисобгирӣ ва таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатиро дар ин соҳа муайян мекунад”. 

Ба иттилои манбаъ, қонун “Дар бораи сайёҳии дохилӣ” асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сайёҳии дохилиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароит ба рушди соҳа нигаронида шудааст. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, қонунҳои ба имзорасида “ба пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа” равона шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *