Президентҳо ҳамдигарро табрик карданд

Эмомалӣ Раҳмон президенти  Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр дар як суҳбати телефонӣ Владимир Путин, президенти  Русияро бо зодрӯзаш табрик гуфтааст.

Дафтари матбуоти президент  бо нашри як хабари кӯтоҳе дар ин бора гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон «бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзаш сидқан табрик намуд.»

Дар ҷараёни ин гуфтугу ду тараф ҳамчунин роҳҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Россия баррасӣ кардаанд. Ду рӯз пештар Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмонро, ки рӯзи 6-уми октябр зодрӯз дошт, бо як занги телефонӣ табрик гуфта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *