Президент ва раиси шаҳр дарахти итолиёвӣ шинонанд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Майдони “Истиқлол” дарахт шинониданд.

Тавре маркази матбуоти Сарвари давлат  иттилоъ медиҳад, имрӯз, 7 январ дар маъракаи ниҳолшинонӣ Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе ниҳоли дарахтони сӯзанбарги кабуд шинониданд, ки аз Италия ворид гардидааст.

“Имрӯз ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеъи алоҳидаи Майдони Истиқлол, ки барои сабзкорӣ ва бунёди боғу гулгашт ба нақша гирифта шудааст, дарахт шинониданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

То имрӯз дар як гӯшаи боғ даҳҳо адад дарахтони серена, олу ва сӯзанбарги кабуд шинонида шудааст.

Ёдрас мешавем, ки масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *