Президенти Бонки Осиёии Рушд бо имконоти муосири ДБССТ шинос шуд

Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда дар доираи сафари кории худ ба Тоҷикистон аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намуд. Дар ин бора ба Pressa.tj аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Зимни боздид Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири донишгоҳ шинос гардид. Аз ҷумла, ӯ аз Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонии донишгоҳ дидан карда, бо фаъолияти он аз наздик ошно шуд.

Зикр гардид, ки фаъолияти марказ ба рушди малакаҳои амалӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир барои бозори меҳнат равона гардидааст. Инчунин, ба Президенти Бонки Осиёии Рушд барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизоти муосир ва имкониятҳои таълимии марказ муаррифӣ шуданд, ки ба баланд бардоштани сатҳи малакаҳои касбии донишҷӯён ва шаҳрвандон мусоидат мекунанд.

Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода изҳор дошт, ки донишгоҳ омода аст, ки ҳамкориро бо Бонки Осиёии Рушд дар самтҳои рушди инфрасохтори таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳкими иқтидори кадрӣ боз ҳам густариш диҳад.

Бояд гуфт, ки Бонки Осиёии Рушд дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ саҳми назаррас дорад. Бо дастгирии ин ниҳоди молиявӣ то имрӯз зиёда аз 200 лоиҳа ба маблағи беш аз 2,9 миллиард доллар амалӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *