Президенти Тоҷикистон дар Ӯзбекистон чӣ корҳоро анҷом медиҳад?

Мулоқот бо Шавкат Мирзиёев дар қасри Кӯксарой, имзои созишномаҳои нав, намоишгоҳи молҳои Тоҷикистон дар Узэкспосентр, боздид аз корхонаи «Апрел», консерти устодони ҳунари Тоҷикистону Ӯзбекистон, мулоқотҳо бо сарвазир ва раиси парлумони Ӯзбекистон ва боздид аз Самарқанд – чунин аст барномаи расмии сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон, ки 17-18 август доир мешавад.

Комил Алламжонов, сухангӯи раисиҷумҳури Ӯзбекистон дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук барномаи расмии сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвари ҳамсояро нашр кард. Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Ӯзбекистон, ки сафари ҷавобӣ ба боздиди ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон аст, 17-18 август доир мешавад. Сафари Мирзиёев, ки ба солиёни ҷанги сард баёни Тошканду Душанбе нуқта гузошт, аз ҷониби нозирони умур як сафари таърихӣ унвон шуда буд.

Акнун ҳама дидаҳо ба сафари ҷавобии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чӣ натиҷаҳо ба бор меорад. Қаблан гузориш шуда буд, ки қарор аст, дар ҷараёни ин сафар байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 23 созишномаи нави ҳамкорӣ, аз ҷумла созишнома дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи байни ин ду кишвар ба имзо бирасад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафари давлатии ӯ ба Ӯзбекистон дар 20 соли охир аст. Ӯ бори охир бо сафари давлатӣ ҳанӯз моҳи марти соли 1998 аз Ӯзбекистон боздид карда буд.

Бино ба навиштаи сухангӯи президенти Ӯзбекистон Комил Алламжонов, Эмомалӣ Раҳмон субҳи 17 август ба Тошканд омада, баъди маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Мустақиллик дар қароргоҳи Кӯксарой музокироти роҳбарони ду давлат доир мешавад. Музокирот аввал дар ҳайъатҳои маҳдуд ва сипас бо ширкати ҳайъатҳои густарда сурат гирифта, сипас маросими имзои созишномаҳои нав баргузор мешавад.

Дар нимаи дуюми рӯзи 17 август дар Узэкспосентр намоишгоҳи молҳои Тоҷикистон оғоз ёфта, қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи «Апрел» дар Тошканд низ боздид кунад. Раҳмон ва Мирзиёев шоми ҷумъа дар консерти устодони ҳунари ду кишвар низ иштирок мекунанд.

18 август Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси Қонунчии парлумони Ӯзбекистон Нуриддин Исмоилов ва бо сарвазир Абдулло Орипов мулоқотҳои ҷудогона анҷом дода, ҳамчунин ба шаҳри Самарқанд сафар карда, аз маконҳои дидании он шаҳр боздид мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *