Президенти Туркманистон беш аз 26 вазирро барканору иваз кард

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов бо барканору иваз намудани беш аз 26 вазир дар ҳайати ҳукумат тағйирот ворид кард.

Ихтисороти вазирон рӯзи 8-уми июл дар ҷаласаи густурдаи Девони вазирон пас аз гузориши мақомот дар бораи рушди иқтисоди ин кишвар сурат гирифтааст.

Миёни афроде, ки президент барканор кардааст, муовини нахуствазир дар умури маориф, илм, тандурустӣ, варзиш, ҷавонон ва ҳифзи иҷтимоӣ Сафардурдӣ Тойлиев ва муовини нахуствазир дар умури иқтисод, бонкдорӣ ва созмонҳои молии байналмилалӣ Муҳаммадгулӣ Муҳаммадов низ ҳастанд.

Тавре гуфта мешавад, сабабҳои барканории Сафардурдӣ Тойлиев, ки ҳамзамон раиси Академияи улуми Туркманистон аст, мушаххас нест. Расонаҳо хабар додаанд, ки ӯ ба кори дигар мегузарад, аммо вазифаи наваш мушаххас нашудааст.

Муҳаммадгулӣ Муҳаммадов рӯзи 25-уми март, чанд рӯз баъд аз савгандёдкунии Сардор Бердимуҳаммадов, ба мақоми муовини нахуствазир таъин шуда буд. Ин мансабдор то таъйин шуданаш ба ниҳодҳои иқтисодӣ, бонкӣ ва байналмилалии молии кишвар роҳбарӣ мекард.

Таҳлилгарон ин тасмимро бузургтарин тағйироти кадрӣ аз замони ба қудрат расидани президент Сардор Бердимуҳаммадов медонанд.

Бояд гуфт, ки Сардор Бердимуҳаммадов аз замони савгандёдкунии худ дар рӯзи 19-уми март, тағйироти калидӣ дар кобинаи вазирон ва Шӯрои амниятро анҷом дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *