Пул маро шармандаю бе обрӯ кард (Нома аз маҳбас)

Шояд пас аз хондани номаам ба сарам санги маломат зада, маро инсони пасту разил хонед. Ман аз ин ягон зарра хафа намешавам.

Пинҳон намекунам, дар ҳақиқат ман як зани роҳгумзада ҳастам ва дар тӯли ҳаётам ба бисёр корҳои паст даст зада будам, вале имрӯз аз карда пушаймон шуда, қарор додам саргузашти талхамро ба шумо қисса намоям, то ба дигарон дарси ибрат гардад ва хатоҳои содирнамудаи  маро дар зиндагӣ такрор накунанд!

Дар оилаи бофарҳанг ба дунё омада будам, вале на ҳамеша аз зар- зар мерӯидааст. Волидонам тамоми шароитҳоро бароям муҳайё карда бошанд ҳам, мани беақл на шавқи хондан доштам ва на майли касбу ҳунареро омӯхтан. Корам танҳо хӯрдану сайру гашт кардан буд. Падару модарам зиёд дӯстам медоштанд, аз меҳрубониҳои волидонам истифода бурда, чӣ номаъқулие, ки хоҳам, мекардам. Духтарҳои тоҷикро назарам намегирифт, танҳо бо духтарҳои рус дӯстию дугонагӣ мекардам. Духтари тоҷику мусалмон буданамро фаромӯш карда, ҳамроҳи онҳо сигор мекашидам, шароб менӯшидам…

Падару модарам аз паси кору бори худашон овора буданд ва парво надоштанд, ки мани 14-сола рӯзи дароз дар куҷою бо киҳо чӣ кор карда мегардам. Онҳо вазифаашонро танҳо дар таъмин намудани ман медиданд ва ҳар гоҳ пул пурсам, не нагуфта медоданд. Ҳамин тавр ман пулбоз ва пулмаст шуда, тамоман аз кӯчаи одамгарӣ баромадам. Ҷавонҳои зеборо тариқи интернет ёфта, ҳамроҳашон ишқбозӣ карда мегаштам. Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки дар ин дунё нангу номус ва обрӯ барин чизҳое ҳастанд, ки бо пул харида намешавад.

Хулласи калон, оқибати корам ҳамин шуд, ки бо маводи мухаддир сару кору  мекардагӣ шудам. Бори каҷ ба манзил намерасад гуфтагӣ барин, як рӯзи шум ба дасти полис афтодаму ҷоям пушти панҷара шуд.

Ҳоло мани шармандаю рӯсиёҳ ин номаро ба шумо аз маҳбас навишта истодаам. Аз корҳои кардаам сахт пушаймонам, вале обрӯи рехтаро дигар баргардонда намешавад.

Дугонаҳои азиз, аз сарнавишти талхи ман ибрат гирифта, хатоҳои маро дар зиндагӣ такрор накунед, вагарна ба марги худ розӣ мешавед, аммо марг низ аз шумо рӯй гардонда ба суроғатон намеояд…

Махфӣ, ш. Душанбе.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *