“ПЯТЁРОЧКА”-ро тирборон карданд

Матбуоти Русия видеои тирборони посбони тоҷики мағозаи хӯроквории «Пятёрочка” дар кӯчаи 15-я Парковая дар шимолушарқи шаҳри Маскавро нашр карданд. Дар видео дида мешавад, ки шоми 5 декабр як ҷавони дар танаш шортик ва дар пойҳояш валенки ба тарафи посбони 25-солаи Пятёрочка” чанд тир холӣ мекунад.

Нашрияҳои «Рен ТВ” ва «5-й канал”-и Русия сабти видеоии камераҳои назоратии мағозаи хӯроквории «Пятёрочка” дар кӯчаи 15-я Парковаяи шаҳри Маскавро нашр карданд. Дар ин видео лаҳзаи тирборони посбони ин мағоза сабт шудааст.

Шоми 5 декабр афроди ношиносе бо мошини «Лифан”-и рангаш хокистарранг ба ин мағозаи «Пятёрочка” омаданд. Аз дохили мошин як марди ҷавоне, ки дар тан бо вуҷуди ҳавои сард шортик пӯшида, вале дар пойҳояш валенки дошт, берун шуда, дар назди даромадгоҳ дар пеши чашми мардум ба тарафи посбони мағоза чанд тир холӣ кард.

Тирандоз баъди ин дар пеши чашми мардум оромона ба мошини «Лифан” нишаста ва аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Посбони ҷабрдидаро, ки шаҳрванди Тоҷикистон ва соли таваллудаш 1992 будааст, бо ҷароҳати аз шикам бардоштааш ба бемористон бурдаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ дар шӯъбаи реаниматсия таҳти табобат қарор дорад.

Шоҳидон гуфтаанд, ки марди тирандоз тақрибан 176 сантиметр қад ва симои осиёӣ дошт. Пулис ба ҷустуҷӯи тирандоз ва шариконаш аз мошини «Лифан” пардохтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *