Раҳимзода: ниҳолшинонӣ дар БобоҷонҒафуров

Имрӯз Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода зимни сафари кориаш ба вилояти Суғд, аз заминҳои хоҷагии ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ воқеъ дар деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, дар маъракаи шинонидани дарахтони мевадиҳанда иштирок карданд.
Дар ин ҳашари ниҳолшинонӣ, ҳамчунин роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, сарбозону афсарони қисми низомии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД фаъолона ширкат варзиданд. Зимни чорабинии мазкур ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои саҳроӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ба хоҷагиии ёрирасони ВКД дар вилояти Суғд як адад трактори тамғаи «МТЗ-82-1» тақдим карда шуд. Барои ҳашарчиёни маъракаи ниҳолшинонӣ дастархони идонаи наврӯзӣ ороста шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *