Илоҳа Аҳрор – Афғонистон

Духтари қаҳрамон

Духтари афғон мабош маъюс, ту ҳастӣ қаҳрамон,

Гарчӣ дурат сохтаанд аз донишу асри замон.

Ту мубориз шав, бикун ҷаҳду талош бар касби илм,

То шавӣ доною бо фаҳм, бохабар аз ину он.

Зиндагӣ арзиш надорад, гар набошад илму фан,

Дар ҳақиқат фоқиди илму ҳунар нест зиндаҷон.

К-иш ислом фарз гуфта илмро бар марду зан,

То набошанд бе хабар аз дину авзои замон.

Духти афғонӣ! Чаро маҳрум бимонӣ аз савод?

Ту наӣ кам дар камолу ақлу ҳуш аз дигарон.

Аз малолиҳо биёмўз, к-ў зи ҳамҷинсони туст,

Медурахшад номашон бо номи меҳан ҷовидон.

Азми росих кун, матарс аз мушкил, роҳе талаб,

Гарчӣ дур аст манзилат! Лек мерасӣ бо корвон.

Дар раҳи матлуб агар сад бор бияфтӣ, боз хез,

Ноумедию шикаст нест дар мизоҷи қаҳрамон.

Ҳаст Илоҳа бо шумо ҳамгом дар ин роҳи сафар,

Ин шабистон нест доим, рўз меорад замон.

***

Ҷангзада

Башар бояд ба ҳам якдаст бошанд,

Ба шодию ба ғам пайваст бошанд.

Набояд фарқ ба рангу қавму лисон,

Ки одам зодааст аз як тану ҷон.

Макун ҷангу ситез бо ҳамнавъи хеш,

Марезед хуни инсонро аз ин беш.

Хушо он вақт, ки сулҳ бошад ба дунё,

Набошад ҷангу хунрезӣ ба ҳеҷ ҷо.

Ҷаҳон гулзор шавад дар сулҳу ёрӣ,

Бикўш! То тухми сулҳ ҳар ҷо бикорӣ.

Агар дунё ба сўи сулҳ гарояд,

Башар з-ин кулфату адбор барояд.

Зи сулҳ гардад ҷаҳони мо гулистон,

Зи ҷанг сўзад ҳам гулзору бўстон.

Нифоқу ҷангу кина кулфат орад,

Зи сулҳу боҳамӣ раҳмат биборад.

Дар ин ҷангҳо басе тифлон ятим шуд,

Ба ҳиҷрат мубтало з-ин тарсу бим шуд.

Ҳама дур аз савод монданду ҷоҳил,

Зи ҷабри рўзгор муътоду отил.

Ҳама ин талхрўзиҳо зи ҷанг аст,

Ки ҷанг худ зидди таълиму фарҳанг аст.

Аз ин ҷангҳо ман ҳам ғурбат кашидам,

Басе дарду ғаму миннат чашидам.

Худоё аз ту хоҳам сулҳ доим,

Ҷаҳони одамист бо сулҳ қоим.

Ки боз меҳан равам сулҳро бубинам,

Зи боғи сулҳи меҳан гул бичинам.

Набинам баъд аз ин ашки ятимон,

Гули бе хори сулҳ бошад ба бўстон.

Илоҳа зода шуд дар ҷанги меҳан,

Аз ин рў ҷанг ба чашми ўст ҳариман.

الهه احرار – افغانستان

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *