Раҳмия Аюбӣ: Шавҳарамро ба шарте бахшидам, ки…

-Раҳмия, вақте шавҳаратон бо корд ҳамла кард, шуморо чӣ эҳсосот фаро гирифт?

Аз шавҳарам борҳо мушту лагад хӯрда бошам ҳам, ростӣ, ҳеҷ гумон надоштам, ки ягон рӯз ӯ қасди ҷони ман мекунад. Ин ҳодиса дар як мижа задан рӯй дод ва барои пайдо шудани кадом як эҳсосоте дар вуҷуди ман ҳатто фурсат намонд. Фақат ҳамин қадарашро ёд дорам, ки чӣ тавр шавҳарам бо тахтаи якметра ба сарам 5-6 бор зад ва якбора моеи гарме ба рӯям шорид. Ин хун буд. Бо дидани хун шавҳарам бештар асабӣ шуда, девонавор ба ҳар ҷои баданам корд задан гирифт. Пас аз чанд зарбаи корд аз ҳуш рафтаам, дигар чӣ шуд, ёд надорам…

-23 захми корд ба гуфтан осон аст. Шуморо кӣ ё чӣ аз марг наҷот бахшид?

-Ҳамон шоми пурхун апаҳоям маро ба беморхона бурдаанд. Роҳҳо ҳамон рӯз бо кадом сабабе баста будаанд, онҳо бо гиряву зорию илтиҷо хоҳиш мекунанд, ки роҳро кушоянд, то маро ба бемористон расонанд. Дили кормандони мақомот сӯхта, ба онҳо роҳ медиҳанд. Вақте маро ба бемористон мерасонанд, табибон таъкид мекунанд, ки зинда монданам ба гумон аст, чунки 10 корд ба узвҳои ҳаётан муҳим бисёр чуқур халидааст. Касе умед надошт, ки бо 23 захми корд зинда мемонам, вале худованд маро умри дубора бахшид.

       —Дар кадом беморхона бистарӣ будед?

-Дар Қарияи Боло. Ҷарроҳӣ 8 соат давом карда, баъдан 14 шабонарӯзи дигар беҳушу бе ёд хоб будам. Намедонам кадом кори хайри ман ба парвардигор хуш омада будааст, ки ҷонамро аз панҷаи марг раҳоӣ бахшид ва дубора ба по бархостам.

-Мегӯянд, ки шавҳаратон шуморо ба ким-кадом мухлисатон рашк бурда, корд задааст?

-Не, ин гап дурӯғ аст. Он солҳо ман сарояндагӣ намекардам. Як духтари хонашини сарпасту намозхон будам. Меҳри ҳунар ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар қалбам маъво дошта бошад ҳам, сароянда шудан аслан дар гӯшаи хаёлам набуд. Баъди ду соли аз шавҳарам ҷудо шудан, бо маслиҳату машварат ва розигии волидонам ба санъат рӯ овардам.

-Тақдири шавҳаратон чӣ шуд?

-Албатта ягон гуноҳ бе ҷазо намемонад. Шавҳарамро барои ин кирдораш ба маҳкама кашиданд. Дар сари суд вай аз ман бахшиш пурсида, баҳона пеш овард, ки гӯё чӣ тавр маро кордборон карданашро нафаҳмидааст. Мехост дубора оштӣ шавем, вале ман дар наздаш шарт гузошта гуфтам, агар талоқамро диҳӣ, аз гуноҳат мегузарам, зеро хуб медонистам, ки дигар зери як бом зистани мо номумкин аст. Шавҳарамро 15-соли зиндон интизор буд, вале аз он ки ман ӯро бахшидам, муҳлаташро кам карданд.

Наметарсед, ки баъди ба озодӣ баромадан, ӯ шуморо думболагирӣ мекунад?

игар заррае тарсу ҳарос надорам. Замоне, ки ба сарам даст мебардошт, шавҳарам буд, танҳо аз ҳамин хотир ба ҳама зулму ситам тоқат мекардам. Акнун моро чизе бо ҳам намепайвандад ва ман метавонам аз худ дифоъ намоям.

                       Дар боби ҳунар ва дӯстӣ

Шуморо бисёриҳо хоҳари Зафарча ва Дилрабо Аюбӣ мегӯянд…?

-Зафар писари амакам ва барои ман мисли бародар аст, Дилрабо бошад, апаи ҳамхунам, ба қавли мардуми рус “родная”.

Шунида будем, ки падаратон бо падари Манижаи Давлат дӯстони қарин буданд, рост аст?

-Бале, онҳо на танҳо ҳамсабақ, балки дӯстони бисёр қадрдон ҳам буданд. Як пора нонро бе якдигар намехӯрданд. Вақте падари Манижа даргузашт, падарам як ҳафта ба даҳонаш об нагирифта, танҳо мегиристу мегирист…

-Манижабону ба поси хотири падараш ба Шумо кӯмак мекунад?

-Бояд бигӯям, ки на танҳо падаронамон, балки ману Манижа ҳам дугонаҳои ҷонӣ будем. Мо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардем ва ҳамеша ба якдигар рози дил мегуфтем. Гоҳ-гоҳ шӯхиомез суруд мехондам. Манижа бо шавқ маро гӯш карда мегуфт, ки овози хуб дорӣ, агар ҳофиза шавӣ, зуд машҳур мешавӣ…

-Имрӯз, ки қадам ба саҳнаи ҳунар ниҳодаед, Манижаи Давлат дугонаи ҷамолакиашро дастгирӣ мекунад?

-Албатта мекунад! Ман бисёр нозукиҳои санъатро маҳз аз Манижа омӯхтам. Чанд оҳангашро ба ман ройгон бахшид, яъне туҳфа кард. Аслан, муҳим нест, ки дар ҷодаи ҳунар ӯ ба ман кӯмак мекунед ё не, ман Манижаро ҳамчун инсон сахт дӯст медорам ва эҳтиром мекунам. зарур шавад, барояш мемирам!

-Кадом сурудҳоятон моли Манижаи Давлатанд?

 -“Бидуни ту”, “Одамкуш” ва “Ту аз кадом ин оламӣ”.

              Чаро Зарина Раҳмия шуд?

-Гуфтагӣ барин, чаро бо номи Зарина нею бо исми Раҳмия ба саҳна баромадед?

Ман баъди ҳамон 23 корд Заринаро бо зиндагии талхаш дар дилам гӯр кардам. Намехоҳам, ки ин ном гузаштаи сангинамро дубора ба ёди ман орад, аз ҳамин хотир исми Раҳмияро интихоб намудам. Раҳми худованд маро аз панҷаи марг наҷот бахшид. Умедворам, ки раҳми парвардигор дар байни мардум соҳибэҳтиром ва машҳуру маҳбубам месозад.

-Бисёр мухлисон гумон доранд, ки “Ёраки дилфиребам”-ро Зулайхо месарояд, вале мо шунидем, ки ин тарона аслан моли шумост…?

-Оре, ин сурудро ман сароидаам, вале “пиратҳо”  онро бо акси Зулайхо ба фурӯш бароварданд. Устодам Манижаи Давлат маслиҳат дод, ки як бор ҷилавашонро кашида монам, вале ҳаволаи онҳоро ба худо супурдам. Муҳимаш худи Зулайхо медонад, ки ин суруд моли ман аст, дигарон чӣ фикр мекунанд, барои ман моҳият надорад.

                       Ҷон дар кафи даст

-Дар маҳфили зебои арӯсии ҳамкорам, ки чанде пеш дар тарабхонаи “Фароғат” баргузор гашта буд, шумо меҳмон будед ва ройгон  ҳунарнамоӣ намуда, меҳмононро қоил намудед. Вақте чашмам ба шумо расид, хеле нороҳат дарёфтам. Шояд бемор будеду барои нороҳат нагаштани журналистон дардатонро пинҳон намудед?

пендитсит будам. Табибон маро ҷарроҳӣ карданд. Аз байн ҳанӯз як ҳафта ҳам нагузашта дӯсти наздикам, ки рӯзноманигор аст, даъват намуд. Наранҷад гуфта миёнамро маҳкам баста ба тӯй рафтам. Ҳангоми суруд хондан дарди ҷонкоҳ маро чунон сахт азоб медод, ки гумон кардам ҳамин ҳоло афтида мемирам, вале сир бой надода, лаб зери дандон гирифта, ҳунарнамоӣ кардам…

-Магар шарт аст, ки танҳо ба хотири наранҷидани касе ҷони худро дар хатар гузоред?

Раҳматӣ падарам ҳамеша моро насиҳат мекарданд, ки ҳеҷ гоҳ ягон касро аз дари хонаатон ноумед гусел накунед. Ман ҳамин панди падарро дар гӯшам ҳалқа кардаам, намехоҳам ягон кас аз ман ранҷад…

-Аксари санъаткорон мағруру ҳавобаланд мешаванд, вале шуморо бисёр хоксор мебинам…

-Бо ғуруру такаббур одам ба ҷое намерасад, зеро мо, инсонҳо ҳама аз хок омадаем ва оқибат бар хок меравем. Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд:

Дона то бар хок наафтад, кай ба боло қад кашад,

Қадри инсон ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад.

-Ҳар як инсон дар дилаш орзуи бузурге дорад…?

-Орзуи банда зиёрат намудани хонаи худованд аст. Парвардигор, агар ин орзуямро амалӣ гардонида, маро ба тавофи Каъба мушарраф гардонад, бе ормон мемирам…

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

11 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *