Ҷӯрабек Муродов, Сурайё Қосимова, Садриддини Наҷмиддин дар шаҳри Ваҳдат консерт доранд

22-уми март, соати 15:00 бо ташаббуси раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат консерти калон баргузор мешавад.

Тавре ки аз мақомоти шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд, ин  консерт ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бахшида шуда, дар он ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон, аз қабили Ҷӯрабек Муродов, Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Фарзонаи Хуршед, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Нигина Амонқулова, Валиҷони Азиз, Ҷовидон Нозимов, Муҳаммадрафии Кароматуллоҳ ва дигар санъаткорон иштирок менамоянд.  Нархи билети  иштирок дар консерт 20 сомонӣ муайян шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *