Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат (аксҳо ва видео)

Имрӯз, 21-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиши  бошукуҳ раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, Раҷабалӣ Сайвализода, раиси Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Ҷамшед Муртазоқулов, вакили парлумон  ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз раиси шаҳри Ваҳдат ва ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳ, ки фарогири анъанаҳои миллии ниёгон ва  дастранҷи аҳли ҳунару заҳмати сокинони Ваҳдат буд, дидан намуданд.

Раиси шаҳри Ваҳдат  Раҳмоналӣ Амирзода аҳли ҳамоиши идонаро ба муносибати ҷашни Наврӯз самимона шодбош гуфта, ёдовар шуд, ки маҳз бо талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз иди ҷаҳонӣ гардид. Ҳоло Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои форсизабон, балки берун аз он низ мардум бошукуҳ пешвоз мегиранд.

Бо  иштироки  аҳли санъат ва ҳунари шаҳри Ваҳдат   барномаи фарҳангӣ, ки тараннумгари оинҳои наврӯзӣ буданд, пешниҳоди тамошобинон карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *