Раиси Амонатбонк дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ дар Тошканд иштирок кард

Рӯзҳои  23 – 24 августи соли равон дар шаҳри Тошкант таҳти раёсати Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон ҳамчун бонки раисикунанда, бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзо ва нозир ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) баргузор гардид. 

Дар кори ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар кори ҷаласа беш аз шаш масъалаи муҳим дар самтҳои бонкдорӣ, сармоягузорӣ байни бонкҳои аъзои Иттиҳод, табодули таҷриба ва маблағгузории савдо ҷиҳати рушд додани гардиши молу маҳсулот байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасии роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай қарор дода шуд.

Дар интиҳои чорабинии Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби раисони бонкҳои аъзо як қатор ҳуҷҷатҳо, аз қабили нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзои ИББ СҲШ оид ба дастгирӣ ва рушд додани ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ дар давраи пас аз пандемия ва принсипҳои нави чаҳорчӯбаи ҳамкории молиявӣ ва ҳамкорӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ ба имзо расонида шуд.

Ёдовар менамоем, ки ба имзо расонидани ҳуҷҷатҳои мазкур метавонанд фаъолияти молиявии бонкҳои аъзои Иттиҳодро ҷоннок намуда, дар самти маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишварҳои аъзои СҲШ  мусоидат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *