Дар Бохтар Маҷмааи варзишии байналмилалӣ месозанд

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бунёди Маҷмааи варзишии байналмилалӣ дар назар аст. Бо гузашти беш аз 30 сол аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳанӯз дар минтақаи Бохтар чунин иншооти муҳими варзишӣ мавҷуд нест.

Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ охирщои соли 2022 оғоз карда шаванд. Ӯ афзуд, ки муҳлати ба охир расидани корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи варзишии байналмилалӣ соли 2024 аст.

«Иншооти мавриди назар бо харҷи 72 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад»,- гуфт вай ва илова кард, ки дар маҷмаа сохтани майдон барои бозии волейбол, футболи хурд, ҳавзи шиноварӣ, майдони футбол бо 30 ҳазор ҷой нишаст ва ҷой барои баргузории чанд намуди дигари варзиш пешбинӣ шудааст.

— Ҳоло дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон чунин иншооти варзишӣ нест. Вале дар чанд шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Маҷмааи варзишӣ сохта шудааст, ки варзишгарон аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Бо сохтану ба истифода додани Маҷмааи варзишии байналмилалӣ имкони васеи баргузории мусобиқаҳои сатҳи баланд дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон пайдо мешавад. Аз ҷониби дигар, он дар рушди варзиш ва афзун кардани дастовардҳои варзишгарон нақши хуб хоҳад гузошт,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *