Раиси Шаҳритус 4 моҳ муҳлат дорад! Оё ӯ камбудиҳоро ислоҳ карда метавонад?

Масъулин дар ноҳияи Шаҳритус барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар ноҳия чор моҳ муҳлат доранд. Ҳамчунин, онҳоро зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳарчи бештар таваҷҷуҳ диҳанд.

Чанде қабл дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Ҷаббори Ғаффор шунида шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Роҳбари давлат, феълан ноҳияи Шаҳритус вобастагии иқтисодӣ дорад ва дар як сол беш аз 20 миллион сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети маҳаллӣ ворид мешавад. Дар 6 моҳи аввали соли 2022 нақшаи буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ва буҷети маҳаллӣ 28 миллиону 669 ҳазору 500 сомонӣ иҷро шудааст, ки беш аз 103 дарсади нақшаро ташкил мекардааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2021-2025 аз 94 лоиҳаи пешбинишуда 38 лоиҳа ба маблағи 54 миллиону 419 ҳазор сомонӣ амалӣ гардидааст, ки 36 дарсади нақша мебошад. Ҳоло дар ин ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 2 миллиону 300 доллари амрикоиро ташкил мекардааст.

Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар шаш моҳ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 443 миллиону 657 ҳазор сомониро ташкил кардааст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақша 6 ҳазору 350 тонна буд. Вале нақша 6 ҳазору 398 тонна иҷро шуд, ки наздики 103 дарсадро ташки мекунад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 90 миллиону 885 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст.

Роҳбари давлат ба масъулини ноҳияи Шаҳритус супориш додааст, ки “фаъолиятро оид ба таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия пурзӯр намоянд, оид ба ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо тадбирҳои мушаххас андешанд, ба истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмони иншооти маишию варзишӣ, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ ба масъалаи беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд”.

Ҳамчунин, ба раиси ноҳияи Шаҳритус барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта 4 моҳ муҳлат дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *