Раиси собиқи ноҳияи Ҳисор дар куштор айбдор карда шудааст

Додситонии Ҳисор бар асоси аризаи як сокини ин ноҳия, ки мехоҳад бо гузашти 25 сол аз қатли падараш – Раҳмон Сафаралиев – дастандаркорони марги ӯро ошкор кунад, санҷишро оғоз кардааст. Писари Раҳмон Сафаралиев дар қатли падараш Ҷамолиддин Мансуров, раиси собиқи ноҳия ва вакили пешини порлумон ва чанд мақоми онвақтаи Ҳисорро гумонбар медонад.

Мақомоти додситонии Ҳисор гуфтанд, ки ариза аз номи сокини деҳаи Қалъаи Ҳисор Бадриддин Сафаралиевро дар хусуси қатли падараш дар соли 1992 дарёфт карда, мавриди санҷиш қарор доданд. Икром Мирзошарифов, муфаттиши Додситонии ноҳияи Ҳисор гуфтааст, ҳоло аз хонаводаи ҷабрдида ва шоҳидон баёнот мегирад. Аммо Мирзошарифов ба хотири сирри тафтишот аз шарҳи бештари ҷузъиёти қазия худдорӣ кард.

Дар баёноте, ки Бадриддин Сафаралиев ба додситонии Ҳисор додаааст, исми Ҷамолиддин Мансуров, раиси собиқи ҳукумати Ҳисор ва раҳбари вақти Ситоди Фронти Халқӣ дар ин минтақа ҳамчун гумонбарони қатли падараш зикр шудааст. Аммо Ҷамолиддин Мансуров ин иддаоро рад кард ва онро туҳмат номид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *