Раққосае, ки рақси тоҷикро ба ҷаҳон бурд (видео)
2 сентябр зодрӯзи раққосаи номдори тоҷик ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Малика Қаландарова аст. Ӯ соли равон 76-сола шуд.
Малика Қаландарова 2 сентябри соли 1950 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Номи аслии ӯ Мазол Қаландарова буда, аз овони кӯдакӣ ба рақс шавқи зиёд дошт. Нахуст дар маҳфилҳои ҳаваскорона ва студияҳои рақс ҳунар омӯхт.
Соли 1965, ҳанӯз дар 15 – солагӣ фаъолияти касбиашро оғоз намуда, ба ансамбли машҳури давлатии рақсии «Лола» пайваст. Дар ин ҷо таҳти роҳбарии балетмейстери маъруф Ғаффор Валаматзода маҳорати худро такмил дод.
Ӯ ҳамзамон рақсҳои ҳиндӣ, испанӣ, ҷопонӣ, туркӣ, хоразмӣ ва дигар халқҳоро низ бо маҳорати баланд иҷро мекард. Ҳунари ӯро тамошобинон дар кишварҳои зиёди ҷаҳон диданд.
Малика Қаландарова дар синамо низ ҳунарнамоӣ карда, дар филмҳои «Домод ва арӯс», «Қиссаи Рустам», «Тӯфон дар водӣ» ва силсилаи филмҳои марбут ба Шаҳрзод нақш офаридааст.
Соли 1993 Малика Қаландарова ба Амрико кӯчид. Аммо аз рақс дур нашуд. Дар Ню-Йорк мактаби байналмилалии рақси Маликаро таъсис дода, ба насли нав рақсҳои тоҷикӣ, бухороӣ ва дигар рақсҳои шарқиро меомӯзонад.
Малика Қаландарова аз ҳунармандонест, ки рақси миллии тоҷикро аз саҳнаи Душанбе то саҳнаҳои байналмилалӣ бурд ва ба он шинохти ҷаҳонӣ бахшид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ