Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҳиндустон дар Бишкек
Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, масоили густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва эътимодбахши ду кишвар баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва амният табодули афкор намуданд.
Идомаи фаъоли муколамаи сатҳи олӣ ва баланд, таъмини рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои амният ва мудофиа, тақвияти ҳамкории низомиию техникӣ, омӯзиши касбии кадрҳои низомӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир зарур шумурда шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар авлавияти муносибатҳои дуҷониба қарор доштани густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ низ таъкид гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ