Ифтитоҳи боз як бинои нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе
Имрӯз, 2 сентябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ боз як бинои нави таълимӣ бо тамоми шароит мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон барои 800 хонанда дар кӯчаи Аҳрории шаҳри Душанбе аз ҷониби бародарони соҳибкор Валиҷон, Пиран ва Пайрав Ахмедовҳо бунёд шудааст.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, сохтмони ин муассисаи муосири таълимӣ бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом дода шудааст.


Муассиса дорои 59 синфхонаи таълимӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, касбу ҳунар, биология, физика, санъати тасвирӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар як кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Дар муассисаи таълимӣ ҳоло 34 омӯзгор, ки 90 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳад, ба фаъолияти касбӣ машғул буда, раванди таълим асосан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Оянда дар ин ҷо таълими забони чинӣ ҳам ба роҳ монда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ