Бозори «Корвон» се рӯз баста мешавад

Бозори «Корвон» ва як қатор нуқтаҳои савдои вобаста ба он дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 7, 8 ва 9 сентябр фаъолият намекунанд.

Некрӯз Саидзода, сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва назорат (мониторинг)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гуфтааст, ки ин маҳдудият ба бозорҳои «Корвон», «Корвон-Плюс», «Корвон-Сити» ва дигар нуқтаҳои савдои атрофи онҳо дахл дорад. Рӯзи 7 сентябр дар ин бозорҳо рӯзи беҳдоштӣ буда, рӯзҳои 8 ва 9 сентябр ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон истироҳат пешбинӣ шудааст. Фаъолияти онҳо аз 10 сентябр барқарор мешавад.

Ҳамзамон, бозори «Кӯшониён» танҳо рӯзи 9 сентябр кор намекунад. Бозорҳои хӯроквории пойтахт, аз ҷумла «Деҳқон» (Гипрозем), «Саховат» ва «Меҳргон» ҳатто рӯзи 9 сентябр фаъол хоҳанд буд.

Ба гуфтаи Некрӯз Саидзода, фаъолияти ҳамарӯзаи ин бозорҳо барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ зарур аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *