Аз Хива ба Саразм. Пешниҳод дар ҳошияи ҷаласаи СҲШ дар Бишкек

Саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз 31-уми август то 1-уми сентябри соли 2026 дар Бишкек баргузор гардид, нишон дод, ки СҲШ дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯз мехоҳад аз майдони машварат ба механизми амалия гузарад. Саммит собит сохт, ки амният, иқтисод, нақлиёт, технология, муҳити зист ва фарҳанг дигар бахшҳои аз ҳам ҷудо нестанд ва бе ҳамдигар пойдор буда наметавонанд.

АЗ ЭЪЛОМИЯ ТО АМАЛ

Дар поёни нишасти саммити Бешкек, ки ба 25-солагии СҲШ бахшида шуда буд, 28 санад (24 қарори сарони давлатҳо ва чаҳор созишномаи байниҳукумативу байниидорӣ) қабул гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зарурати ҳарчи зудтар фаъол намудани марказҳои нави амниятӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар саноат, энергетика, нақлиёту транзит ва кишоварзӣ, омӯзиши таъсиси минтақаҳои рушди иқтисодӣ ва Платформаи минтақавии рақамии агроэкологиро таъкид карданд. Ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва амнияти экологӣ низ ҳамчун масъалаҳои стратегии рушди устувор матраҳ гардиданд.

Аммо натиҷаи муҳими нишасти Бишкек қабули санадҳо набуд. Дар ҷаласаи «СҲШ+», ки ба нақши СММ дар масъалаи ташаккули низоми одилона дар ҷаҳон бахшида шуд, андешаи меҳварие садо дод, ки ҷаҳони бисёрқутба танҳо бо тавозуни нерӯҳо бунёд намешавад. Он ба эътимод, таҳаммулпазирӣ ва шинохти ҳамдигар ниёз дорад. Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуданд, ки муколамаи байни тамаддунҳо, таҳкими сулҳ, дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ аз воситаҳои муҳими муқовимат бо тафриқа, экстремизм ва радикализм мебошанд.

ФАРҲАНГ СИПАРИ АМНИЯТ

Дар ҳамин замина, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аҳаммияти хоса пайдо кард. Ӯ таъсиси Форуми доимии фарҳангҳо ва тамаддунҳои «СҲШ+»-ро пешниҳод намуда, омодагии кишварашро барои баргузории он дар Хива баён дошт.

Хива барои оғози чунин форум интихоби дуруст буд. Вале агар форуми «СҲШ+» воқеан доимиамалкунанда бошад, табиист, ки он бояд хусусияти сайёр дошта, дар марказҳои гуногуни тамаддунсози кишварҳои узв ва шарик баргузор гардад. Ҳар шаҳр бояд як саҳифаи таърихи муштараки Авруосиёро боз кунад. Бигзор Хива мизбони ин иқдоми нав гардад, вале яке аз нишастҳои минбаъдаи он бояд дар Саразми Тоҷикистон доир шавад.

ЧАРО МАҲЗ САРАЗМ?

Посухро худи таърих додааст. Саразм, ки маънояш «оғози замин» ё «саршавии сарзамин» аст, яке аз қадимтарин марказҳои муқимии Осиёи Марказӣ мебошад. Осори бостонии Саразм ба даврае тааллуқ дорад, ки аз ҳазораи чоруми пеш аз милод оғоз шуда, то охири ҳазораи сеюми пеш аз милод идома кардааст. Дар ин ҷо нишонаҳои шаҳрсозии ибтидоӣ, меъмории мураккаб, обёрӣ, коркарди маъдан, фулузгудозӣ, кулолгарӣ ва заргарӣ бозёфт шудаанд. Саразм танҳо маҳали зист набуд, он озмоишгоҳи ташаккули ҷомеаи шаҳрдорӣ ва тақсимбандии касбу ҳунар буд.

Муҳимтар аз ҳама, Саразм дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадааст. Маводи бостоншиносӣ аз робитаҳои тиҷоративу фарҳангии он дар паҳнои Осиёи Марказӣ, Эрон, Ҳинд ва то соҳилҳои уқёнусҳо шаҳодат медиҳад. ЮНЕСКО Саразмро яке аз сарзаминҳое медонад, ки дар пайдоиш ва рушди роҳҳои бузурги тиҷоратии фароавруосиёӣ нақши бузург дошт. Пас, барои форуми «фарҳангҳо ва тамаддунҳо» чӣ далели қавитар аз маконе вуҷуд дорад, ки панҷуним ҳазор сол пеш худ чорроҳаи табодули мол, ҳунар, дониш ва ҷаҳонбинӣ буд?

Соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Ин эътироф танҳо ба қадимияти он вобаста нест. Арзиши ҷаҳонии он маҳз дар маркази мубодилаи фарҳангҳо ва шаҳодати нодири як тамаддуни ибтидоии шаҳрӣ буданаш ифода меёбад. Яъне мавзуи эҳтимолии ҷойи баргузории форум бо моҳияти худи Саразм пурра ҳамоҳанг аст. Зеро дар ин маврид худи таърих сухан мегӯяд, на суханварон.

Панҷакент низ танҳо дарвозаи Саразм нест. Шаҳри қадимаи Панҷакент соли 2023 ҳамчун яке аз ҷузъҳои мероси фаромиллии «Роҳҳои Абрешим: аз долони Зарафшон то Қароқум» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуд. Дар ҳамин фазои таърихӣ тамаддуни суғдӣ, наққошии нодири Панҷакенти қадим ва мероси Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳам мепайванданд. Кам минтақае дар ҷаҳон метавонад дар як масири кӯтоҳ аз нахустин шаҳрсозӣ то фарҳанги суғдӣ ва аз он то поягузори адабиёти классикии тоҷику форсро ҳамчун силсилаи зиндаи тамаддун пеши назар орад.

ПЕШНИҲОДИ ҲАМСАДОИ СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории форум дар Саразм бо сиёсати байналмилалии Тоҷикистон низ ҳамсадост. Тоҷикистон ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба пешбурди муколамаи байнифарҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ буда, сулҳро на танҳо ҳамчун қатъи низоъ, балки ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ муаррифӣ мекунад. Дар соли 2027 кишвар ҳамроҳ бо СММ нахустин Конфронси байналмилалиро дар доираи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» баргузор мекунад. Нишасти «СҲШ+» – фарҳангҳо ва тамаддунҳо» дар Саразм метавонад идомаи табиии ҳамин рӯзномаи сулҳофар бошад.

Ин иқдом ҳамчунин ба ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мазмуни нав мебахшад. Хива ва Саразм рақиб нестанд, онҳо ду ҳалқаи занҷири як тамаддун мебошанд. Яке шаҳомати шаҳрсозӣ, илму маърифати асрҳои миёнаро нигоҳ доштааст, дигаре решаҳои хеле қадимаи шаҳрнишинӣ ва мубодилаи байни минтақаю фарҳангҳоро. Масири рамзии «Хива – Самарқанд – Панҷакент – Саразм» метавонад ба барномаи муштараки фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳии ду кишвар ва дар оянда ба масири байналмилалии СҲШ табдил ёбад.

Барои аз андеша ба амал гузаштан, метавон гурӯҳи кории муштарак аз намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи миллии ЮНЕСКО, мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент таъсис дод. Ин гурӯҳ метавонад консепсияи «Саразм – оғози муколамаи тамаддунҳо»-ро таҳия ва тавассути роҳҳои дипломатӣ ба Котиботи СҲШ ва сохторҳои манфиатдори СММ пешниҳод намояд.

Форум набояд ба суханрониҳо ва барномаи идона маҳдуд шавад. Он метавонад бо қабули «Эъломияи Саразм оид ба муколамаи тамаддунҳо», таъсиси шабакаҳои марказҳои бостоншиносиву осорхонаҳои кишварҳои СҲШ, рақамикунонии мероси муштарак, ҳамоиши ҷавонон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи муштараки ҳифзу муаррифии ёдгориҳои Роҳи Абрешим анҷом ёбад. Танҳо дар ҳамин сурат фарҳанг аз ороиши канории дипломатия ба нерӯи воқеии ҳамкорӣ табдил меёбад.

Эътироф шудани Тоҷикистон ҳамчун маркази тамаддуни ориёӣ низ тақозо мекунад, ки чунин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ маҳз дар Саразм баргузор гардад.

Саразм далели зиндаи вориси тамаддуни ориёӣ будани тоҷикон аст.

Шариф ҲАМДАМПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *