Хатлон: Зиёда аз 91 ҳазор кӯдак ба синфи як қабул шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 91 ҳазору 400 хонанда ба синфи якум қабул карда шуданд. Қабули кӯдакон ба синфи якум то 15 сентябр идома мекунад.
Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj афзуд, ки шумораи хонандагони синфи якум давоми моҳ тағйир хоҳад кард. Ӯ гуфт, моҳвораи ба таълими умумӣ фаро гирифтани кӯдакон то 15 сентябр идома мекунад.
– Соли гузашта 94 ҳазору 473 кӯдакро ба синфи якум қабул намудем, – таъкид кард вай.
Феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1 ҳазору 403 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд. Шароити таълиму тадрис дар сатҳи лозима фароҳам буда, хонандагон дар синфхонаҳои муосиру барҳаво ба дарс фаро гирифта шудаанд.
Дар доираи 35- солагии Истиқлоли давлатти кишвар ва ба хотири фароҳам кардани шароити боз ҳам беҳтар, дар ду соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 196 муассисаи таълимӣ бунёду навсозӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ