ИМА ба Лорак зарба зад, Эрон ба пойгоҳҳои минтақа
Танишҳо миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон дар Халиҷи Форс дубора шиддат гирифтааст. Нерӯҳои амрикоӣ рӯзи 30-юми август ба ду дастгоҳи партоби мушаки Эрон дар ҷазираи Лорак, воқеъ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз зарба заданд. Вашингтон мегӯяд, ки ҳадафҳо ба нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тааллуқ дошта, эҳтимолан барои гузоштани минаҳои баҳрӣ дар гулӯгоҳ омодагӣ медиданд.
Теҳрон ин ҳамларо «таҷовуз» номида, аз талафоти низомиён ва ғайринизомиён хабар дод. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ баъдан эълон кард, ки дар посух ба ҳамлаи Амрико ба пойгоҳҳои низомии ИМА дар Урдун мушакҳои баллистикӣ партоб кардааст. Артиши Эрон низ гуфт, ки бо даҳҳо ҳавопаймои бесарнишин ба мавқеъҳои марбут ба нерӯҳои Амрико дар пойгоҳи Ал-Минҳод дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҳамла кардааст.
Ҳамзамон, Сипоҳ иддао кард, ки як ҳавопаймои бесарнишини амрикоии MQ-9 Reaper-ро дар минтақаи гулӯгоҳи Ҳурмуз сарнагун кардааст.
Фармондеҳии марказии артиши ИМА (CENTCOM) гуфт, ки зарба ба Лорак амали «маҳдуд ва дақиқ» буда, барои бартараф кардани таҳдиди фаврӣ ба киштигардӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз анҷом шудааст. Дар ҳамин ҳол, Урдун хабар дод, ки низоми дифои ҳавоии кишвар ҳашт мушаки эрониро, ки вориди ҳарими ҳавоии он шудаанд, боздошт кардааст. Амороти Муттаҳидаи Араб низ аз боздошти як паҳподи эронӣ хабар дод.
Ин аввалин даргирии мустақими ҷиддии низомии ИМА ва Эрон дар як моҳи охир ба шумор меравад. Вазъ дар атрофи гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки яке аз муҳимтарин роҳҳои интиқоли нафту гази ҷаҳон аст, ҳамоно ҳассос боқӣ мемонад. Боз шудани гулӯгоҳ ва коҳиши танишҳо барои бозорҳои ҷаҳонии энергия аҳамияти калидӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ