Қаллобон «Душанбе Сити» – ро чӣ гуна истифода мебаранд?

Паёми одии «Салом, имконият ҳаст, ки 5 500 сомонӣ ба корт қарз диҳед?» метавонад барои бисёриҳо як дархости кумаки дӯстона намояд. Аммо дар паси чунин паём аксар қаллобоне меистанд, ки аккаунти шабакаҳои иҷтимоии шахси шиносро рахна ва аз номи ӯ пул талаб мекунанд. Як ҳолати мушаххас ин аст, ки қаллоб аввал рақами корти «Алиф Бонк» ва баъдан корти дигареро ирсол кард, ки гӯё ба «Душанбе Сити» тааллуқ дорад. Ҷолиб аст, ки номи соҳиби корт Aleksandr Morozov ҳангоми санҷиш дар ҳамёни мобилӣ тасдиқ нашуд. Ин ҳолат саволе ба миён меорад:  оё шаҳрванди хориҷӣ метавонад дар «Душанбе Сити» корт кушояд? Агар ҳа, ҳангоми кушодан шахсияташ чӣ гуна санҷида мешавад?

Қаллобӣ аз номи дӯст ва чанд савол ба «Душанбе Сити»

Рӯзи гузашта ба мессенҷери “Телеграм”-и ман аз номи як дӯстам чунин паём омад: «Салом, имконият ҳаст, ки 5 500 сомонӣ ба корт қарз диҳед? Пас аз 3-4 соат бармегардонам».

Ба назари аввал паём одӣ менамояд ва кас мехоҳад ба дӯсти худ дар доираи имкон кӯмак намояд. Аммо чунин услуби навишт ва ҳолати шубҳаноки дархост боис мешавад, ки пеш аз анҷоми амали молиявӣ бо худи дӯст тамос гирад. Албатта, барои то куҷо огоҳ будани он дӯст аз ин чунин ҳолат иртибот гирифтам. Маълум шуд, ки аккаунти телеграмии ӯ аз ҷониби шахсони дигар истифода шудааст. Яъне, қаллобон ба “Телеграм”-и ӯ дастрасӣ пайдо карда, аз номи соҳиби воқеии аккаунт ба дигарон муроҷиат кардаанд.

Дӯстам гуфт, ки чанд нафар аллакай ба ӯ занг зада, дар бораи чунин паёмҳо хабар додаанд.

Барои фаҳмидани он ки қаллобон то куҷо пеш рафтаанд, мукотибаро идома додам ва рақами кортро пурсидам.

Аввал рақами кортеро фиристоданд ва гуфта шуд, ки аз «Алиф Бонк» аст. Рақамро дар ҳамёни мобилӣ санҷидам, аммо номи соҳиби корт пайдо нашуд. Ба қаллоб гуфтам, ки эҳтимол рақамро хато фиристодааст.

Баъд рақами дигарро фиристоданд. Ин дафъа гуфта шуд, ки корт аз «Душанбе Сити» аст. Номи соҳиби корт чунин нишон дода шуд: Aleksandr Morozov 9762000141276575. Аммо ҳангоми санҷиш дар ҳамёни мобилӣ низ чунин ном тасдиқ нашуд.

Баъд рақами телефони +79366158978 фиристода шуд. Вақте пурсидам, ки ин аз «Душанбе Сити» аст, посух мусбат буд. Яъне, тасдиқ карда шуд, ки рақам аз ҳамин бонк аст.

Ин ҷо саволи муҳим ба миён меояд. Оё «Душанбе Сити» ба шаҳрванди хориҷӣ корт медиҳад? Ба кадом рақам ва чӣ талабот? Албатта, ин ҷо мақсад айбдор кардани ягон ташкилоти молиявӣ нест. Баръакс, ҳолати мазкур зарурати гирифтани ҷавоби расмӣ ва равшан аз «Душанбе Сити»-ро ба миён мегузорад. Саволи дигар ин аст, ки оё шаҳрванди хориҷӣ, масалан бо номи Aleksandr Morozov метавонад дар «Душанбе Сити» корти пардохтӣ ё ҳисоби электронӣ кушояд? Агар ҷавоб ҳа бошад, ҳангоми кушодани корт шахсияти чунин муштарӣ чӣ гуна тасдиқ мешавад? Оё барои шаҳрвандони хориҷӣ ҳуҷҷатҳои иловагӣ талаб карда мешаванд? Оё рақами телефон, ҳуҷҷати шахсият ва дигар маълумоти муштарӣ бо ҳам муқоиса мешаванд? Муҳимтар аз ҳама, чӣ гуна метавонад пеши роҳи истифодаи кортҳои воқеӣ барои интиқоли маблағҳои қаллобӣ гирифта шавад? Ин саволҳо аз он ҷиҳат муҳиманд, ки дар ҳолати мазкур қаллоб худро соҳиби корти «Душанбе Сити» муаррифӣ кард.

Албатта, танҳо аз рӯйи рақами корт ё номи дар мукотиба овардашуда наметавон гуфт, ки чунин шахс воқеан муштарии «Душанбе Сити» аст. Эҳтимол рақам ба шахси дигар тааллуқ дошта бошад, маълумоти нодуруст пешниҳод шуда бошад ё қаллоб умуман номи шахси дигарро истифода бурда бошад. Аммо ин номуайянӣ зарурати шарҳи расмиро бештар мекунад.

Қаллоб чӣ мехост? Барои санҷидани нияти ӯ навишатам, ки 5 500 сомонӣ надорам ва танҳо 417 сомонӣ дар кортам ҳаст. Интизор будам, ки дар ҷавоб ба ин қаллоб чӣ посух медиҳад. Аммо баъд аз ин мукотиба якбора қатъ шуд. Ӯ тамоми навиштаҳои худ ва ҳатто маро дар “Телеграм” пок кард.

Ин амал шубҳаро боз ҳам бештар кард. Агар мақсади ӯ воқеан гирифтани қарз мебуд, чаро пас аз пешниҳоди маблағи камтар тамоми мукотибаро нест кард?

Қаллобон аз боварӣ истифода мебаранд

Ҳодисаи мазкур нишон медиҳад, ки қаллобии рақамӣ дигар танҳо ба паёмҳои дорои «шумо соҳиби миллион шудед» маҳдуд нест. Имрӯз қаллоб метавонад аккаунти “Телеграм” ё “Вотсап”-и шахси шиносро аз худ кунад, аз номи дӯст ё наздикон пул талаб кунад. Ҳатто рақами корти бонкӣ ирсол намояд ё худро ҳамчун намояндаи бонк, ташкилот ё ширкати шинохта муаррифӣ кунад. Шахсро барои қабули қарори зуд зери фишор гузорад. Баъд аз гирифтани маълумот ё маблағ мукотибаро пок намояд.

Дар чунин ҳолат қурбонӣ на ба паёми шахси бегона, балки ба паёми шахсе, ки ба ӯ эътимод дорад, бовар мекунад. Маҳз ҳамин ҷиҳат қаллобиро хатарноктар месозад.

Яке аз роҳҳои дигари маъмули қаллобӣ истифодаи пайвандҳои шубҳанок мебошад. Қаллобон метавонанд паём фиристанд, ки гӯё дар он бурд, тахфиф, кӯмаки молиявӣ ё пешниҳоди ҷолиб мавҷуд аст. Пас аз ворид шудан ба чунин сомонаҳо аз корбар маълумоти корти бонкӣ, рамзҳо ё дигар маълумоти шахсӣ талаб карда мешавад. Аз ин рӯ, боз кардани ҳар пайванди ношинос хатарнок аст. Бино ба тавсияи мутахассисони соҳаи IT, барномаҳо низ беҳтар аст танҳо аз манбаъҳои расмӣ, аз ҷумла App Store ва Google Play гирифта шаванд.

Ҳушёрӣ – беҳтарин муҳофизат

Мутахассисони бонк борҳо гуфтаанд, ки рақами корт, муҳлати эътибор ва махсусан CVV-коди пушти корт набояд ба шахсони ношинос ирсол гардад. Ҳатто, агар шахс худро корманди бонк, шинос ё намояндаи ягон ташкилот муаррифӣ кунад, пеш аз додани маълумоти молиявӣ бояд шахсияти ӯ санҷида шавад. Дар ҳолати шубҳа беҳтарин роҳ мустақилона ба рақами расмии бонк занг задан аст, на ба рақаме, ки шахси шубҳанок мефиристад.

Ҳушёрӣ низ беҳтарин муҳофизат аст. Қаллобон метавонанд ҳар рӯз усулҳои нав пайдо кунанд, аммо қоидаи асосӣ тағйир намеёбад. Пеш аз фиристодани пул санҷидани шахсият ва маълумот муҳим аст. Агар аз аккаунти дӯстатон паёми пул лозим омад, ҳатман ба ӯ занг занед. Агар касе корт ё рақами телефоне фиристод, танҳо ба сухани ӯ бовар накунед. Агар пайванди шубҳанок омад, онро накушоед. Як занги телефонӣ метавонад аз талафи ҳазорҳо сомонӣ пешгирӣ намояд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *