Шоиста Муллоҷонова – аз Душанбе то саҳнаҳои ҷаҳон

3 сентябр зодрӯзи сарояндаи маъруф Шоиста Муллоҷонова аст. Соли 2026 аз рӯзи таваллуди ӯ 101 сол сипарӣ мешавад.

Шоиста Муллоҷонова 3 сентябри соли 1925 дар шаҳри Душанбе (Сталинободи он замон) ба дунё омадааст. Муҳаббат ба мусиқиро аз модараш омӯхтааст. Нахустин суруде, ки аз ӯ ёд гирифта буд, «Ду гул» ном дошт. Истеъдоди Шоиста ҳанӯз дар наврасӣ ошкор шудааст.

Соли 1940 дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии ҳаваскорони ҷавон ширкат кард ва овози пурқувваташ таваҷҷуҳи аҳли ҳунарро ҷалб намуд. Дере нагузашта ӯ ба ансамбли рубобнавозони Филармонияи Тоҷикистон пайваст.

Соли 1944 Шоиста Муллоҷонова сарояндаи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шуд. Баъдан солҳои 1947–1953 дар Консерваторияи давлатии Маскав таҳсил кард. Соли 1957 Шоиста Муллоҷонова ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардид. Ҳамон сол дар ҳамоишҳои бузурги ҳунарии Маскав ду медали тилло ба даст овард.

Ӯ дар Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Фаронса, Финландия, Индонезия, Таиланд ва кишварҳои дигар ҳунарнамоӣ кардааст. Шоиста Муллоҷонова аз соли 1991 дар Ню-Йорк зиндагӣ мекард ва 26 июни соли 2010 даргузашт. Аммо овози ӯ ҳамчун яке аз садоҳои мондагори мусиқии тоҷик то имрӯз зинда аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *