Боғи нави фарҳангӣ – фароғатӣ дар Душанбе
Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ оғоз гардид.
Боғ бо ибтикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи ҳадафҳои рушди шаҳри Душанбе ва ташаккули муҳити сабзу солим дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея сохта мешавад.
Ба иттилои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боғи нав ҳамчун майдони муаррифии фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллии Тоҷикистону Корея хизмат менамояд.
Боғ дар яке аз минтақаҳои марказии пойтахт ҷойгир буда, дар марҳилаи аввали сохтмон корҳои заминсозӣ ва бунёди инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла роҳравҳо, шабакаи обёрӣ ва майдонҳои сабз амалӣ мегарданд.
Боғи фарҳангу фароғатӣ тибқи нақша то охири соли 2026 ба истифода дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ