Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд.

Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Барои анҷоми ҷарроҳиҳои мураккаб мутахассисони Маркази илмии трансплантатсияи узвҳо ва бофтаҳои инсон ба Хуҷанд сафар карда, дар якҷоягӣ бо табибони маҳаллӣ кор карданд.

Ба гурӯҳи табибон директори марказ, профессор Саидмаҳмуд Исмоилзода роҳбарӣ намуд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, вазъи ҳар ду бемор ҳоло муътадил буда, онҳо таҳти назорати доимии табибон қарор доранд ва марҳилаи табобати баъдиҷарроҳӣ ва барқарорсозиро мегузаранд.

Пеш аз ин, барои гирифтани чунин намуди кӯмаки тиббӣ беморони вилояти Суғд бештар ба муассисаҳои тиббии Душанбе ё кишварҳои хориҷӣ муроҷиат мекарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *