ММД-и Тоҷикистон 3 баробар афзоиш ёфт
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Дар даҳ соли охир он 3 баробар зиёд шуд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, агар соли 1991 ММД-и кишвар ҳамагӣ 13,4 миллион сомонӣ буд, пас дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ин нишондиҳанда ба 81,7 миллиард сомонӣ расидааст.
Ба нишондодҳои омори расмӣ, танҳо соли 2025 ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон 173 миллиард сомониро ташкил дода, рушди воқеии иқтисоди миллӣ 8,4 фоиз арзёбӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ