РОҲНИГОҲДОРЕМ, ТО ДИГАРОН РОҲ ПАЙМОЯНД

Шоҳиди он будем, ки бар асари бенизомию нобасомониҳои солҳои 90-уми асри ХХ кори нақлиёт, ҳолати роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигар фалаҷ шуда буд. Аксари инфрасохтори нақлиётӣ корношоям гардида, роҳҳои асосии мошингард ҳолати харобу ҳузнангез доштанд. Ба хотири расидан ба Ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар пеш аз ҳама таъмини рафтуомад ва робита зарур буд. Ҳамон вақт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хеле дақиқкорона ин вазъиятро эҳсос намуда, гуфта буданд, ки «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст». 

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид табдил ёфт, яъне, робитаи заминии байни ҳамаи минтақаҳои он дар чор фасли сол таъмин гардид. Пайгирии масъала собит намуд, ки дар олам кам роҳе вуҷуд надорад, ки мисли роҳҳои давлати мо иншооти зиёд дошта бошад. Дидани роҳ, пулҳои бузург, долонҳои зиддитармавӣ ҳатман касро водор месозад, ки биандешад. Биандешад ва мутмаин гардад, ки роҳсозӣ низ яке аз соҳаҳои санъат мебошад.

Бо ин роҳу иншооти марбут ба он  метавон ифтихор кард. Кӯҳҳои бузургу бас баландро шикофтанду роҳ сохтанд. Дарозтарин нақбҳои кишвар мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар болои дарёҳо пулҳои бузургу замонавӣ сохта шуд. Шоҳкориҳои мазкур моро водор менамоянд, ки иқтидори инсонро бори дигар бештару беҳтар эътироф созем.  Дар ин маврид гузашта низ пеши назар меояд. Роҳҳои харобу ранҷҳои беҳисоб, шукр, ки пушти сар шуданд. Кунун одамон ба дидори ҳамдигар бе мушкилӣ мерасанд. Ин ҳамаро, албатта, бояд шукр гуфт. Ва эътироф бояд намуд, ки ин дастовардҳо ба шарофати  Истиқлол моро насиб гардид.

Нигоҳдории роҳ рисолатест, ки натиҷааш ба ҳама маълум аст. Вақте роҳ сохта мешавад, тамоми ҷомеа аз он истифода мебарад. Роҳҳо таъмиру навсозӣ мешаванд, пулҳо ва иншооти роҳсозӣ бунёд мегарданд, нақбҳо сохта мешаванд, роҳҳои кӯҳиву водӣ беҳтар нигоҳдорӣ мешаванд. Аммо сохтани роҳ танҳо як марҳила аст. Асфалти роҳ вақте фарсуда шуд, онро бояд иваз кард,  тарма таври табиӣ рафъ намешавад, ҷӯйбори канори роҳ худ аз худ тоза намешавад. Аломати роҳ бе нигоҳубин ҳамеша равшан намемонад. Аз ин рӯ, пас аз анҷоми сохтмони роҳ кори дигар оғоз мешавад – нигоҳдории роҳ. Аз ин лиҳоз, роҳнигоҳдор дар канори роҳ танҳо як корманд нест. Ӯ моҳиятан  нигаҳбони роҳи зиндагии мост.

Вақте дар бораи роҳсозӣ сухан мегӯем, одатан пеши назар техникаи бузург, муҳандисон, лоиҳакашон, пулҳо, нақбҳо ва шоҳроҳҳои муосир меоянд. Аммо дар канори ин ҳама як қувваи дигар низ ҳаст – меҳнати ҳаррӯзаи роҳнигоҳдор. Кишвари мо кӯҳсор аст. Роҳҳои Тоҷикистон аз водиҳо, дараҳо, ағбаҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ мегузаранд. Дар чунин шароит нигоҳдории роҳ кори осон нест. Ҳар фасл мушкилоти худро дорад. Барои мисол, махсусияти фасли баҳор, пеш аз ҳама, ба бориши пуршиддати борон, лағзиши кӯҳпора ва омадани сел рабт дорад. Дар фасли тобистон бошад, таъмири ҷорӣ ва куллии роҳ самти афзалиятноки фаъолият аст. Дар тирамоҳ таваҷҷуҳи хоса ба рафъи пайомади бориши борон зоҳир мегардад. Зимистон бошад, бо назардошти бориши давомдори барф, тармафароии зиёд, яхбандии роҳ барои кормандони Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон марҳилаи душвортарин маҳсуб мешавад. Ин касб аз инсон танҳо қувваи ҷисмонӣ не, балки сабр, интизом, масъулият ва муҳаббат ба меҳнат низ талаб мекунад.

Чун сухан дар бораи IRS равад, ки дар асоси шартномаи консессионӣ бо ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ ба зиммааш вогузор аст,  пеш аз ҳама, бояд мадди назар дошта бошем, ки фаъолияти он бо мақсади таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ роҳандозӣ шудааст. Дар ин замина, IRS ҳамчун сармоягузор тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодааст, то ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ ҷавобгӯи талабот бошад. Аксарият хуб медонанд, ки нигоҳдории роҳ осон нест ва хароҷоти бениҳоят зиёд дорад. Барои қиёс ва хулоса зикр бояд кард, ки таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ  соли 2012 оғоз гардида, ҳамон сол 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Тавре Маркази матбуоти филиали ширкат иттилоъ додааст, минбаъд ин нишондиҳанда тамоюли афзоишро касб карда, соли 2013 ба 6000 тонна, 2014 – 10000 тонна, 2015 – 15000 тонна, 2016 – 13575 тонна, 2017 – 51551 тонна, 2018 – 30864 тонна, 2019 – 49862 тонна, 2020 – 29377 тонна, 2021 – 55366 тонна,  2022 – 39916 тонна, 2023 – 25079 тонна, 2024 – 18408 тонна ва соли 2025 ба 25204 тонна асфалт расид. Дар маҷмуъ, давоми фаъолият барои таъмиру таҷдиди роҳи мазкур қариб 400000 тонна асфалт харҷ шудааст. Дар мавсими имсола низ таъмири ҷорӣ ва куллии роҳ босуръат, дар сатҳи хубу бо сифати баланд идома дошта, дар назар аст, ки барои таъмири куллӣ ва ҷории ҷодаи зикршуда чун нишондиҳандаҳои солҳои қаблӣ асфалт харҷ гардад.

Мантиқан пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Чаноқ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарз амалӣ шудааст. Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувумӣ вогузор гардид. Мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаи аҳолӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар давоми фаъолият собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, ба беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад.

Муҳим он аст, ки IRS барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯй ба талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани  вазифаҳояш  имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаи пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода мебарад. Бояд гуфт, ки фаъолияти Ширкат мисли оина ба ҳама равшан аст. Ба ибораи дигар, мо тавре фаъолият дорем, ки бурду бохт ва нақшаҳоямон барои ҳама бараъло равшан аст. Фаъолияти намунавӣ ва пурмаҳсули мо борҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз дар сатҳи байналмилалӣ қадрдониву арҷгузорӣ шудааст. Ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ташкилоту идораҳои марбута имкон фароҳам овардааст, ки заминаи моддӣ – техникӣ ва малакаи касбии кормандон беш аз пеш такмил ёбад. Самараи мусбати чунин иқдомот имрӯз бараълост ва аҳли ҷомеа низ рӯз то рӯз моҳият, ҳадаф ва бартарии фаъолияти ширкатро бояду шояд дарк намуда истодаанд. 

Дар тасаввури аввал роҳ як қитъаи ҳамворест, ки мошин аз рӯйи он ҳаракат мекунад. Вале дар асл роҳ як низоми мураккабест, ки нигоҳубини доимӣ мехоҳад. Дар роҳе, ки нигоҳдориаш дар сатҳи хубу сифати баланд аст, барои ҳаракати бехатар шароит фароҳам мегардад. Аммо барои таъмини бехатарӣ ҳар рӯз корҳои зиёд, аз ҷумла  назорати ҳолати роҳ, тоза кардани қитъаҳо аз сангу хок, бартараф намудани чуқуриҳо, тоза нигоҳ доштани ҷӯйбору обравҳо, насби аломатҳои роҳ, аз нав кашидани хатҳои уфуқӣ, тоза кардани роҳ аз барф ва ях, инчунин рафъи оқибатҳои ярч, тарма ва дигар зуҳуроти табииро  анҷом додан лозим аст. Беҳуда нагуфтаанд: “Ҳама ободиҳо аз роҳи хуб аст”. Ҳамарӯза ашхоси касбу кори гуногун ба роҳ мебароянд. Дар назари  аввал роҳ танҳо як масири муайян, амсоли аз хона то кор, аз як шаҳр ба шаҳри дигар, аз як ноҳия ба пойтахт ё аз бозор то деҳаи дурдаст аст. Аммо вақте жарфтар меандешем, ҳувайдо хоҳад шуд, паси ҳар километри роҳи обод, ҳар аломати роҳ, ҳар хати уфуқии кашидашуда ва ҳар қитъаи аз барфу санг тозагардида заҳмати роҳнигоҳдорон нуҳуфтааст. Манзур кормандони мо ҳастанд, мардоне, ки шабонарӯз дар ҷода қарор доранд, онҳое, ки новобаста аз сармои қаҳратуни зимистон, гармои тоқатфарсои тобистон, обхезиҳои харобиовари баҳорӣ ва борони пуршиддати тирамоҳ рисолати худро дар сатҳи хубу бо сифати баланд иҷро мекунанад.  

Нодирҷон САФАРОВ,

директори филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *