Роналду Криштиану

Роналду футболбози “Ал-Наср” шуд

Футболбози 37-солаи португалӣ Криштиану Роналду расман ба дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ шомил гардид.

Ин хабарро акси футболбоз бо намояндаи тими мазкур тасдиқ мекунад, ки ҳам дар саҳифаи Роналду ва ҳам дар саҳифаи расмии “Ал-Наср” нашр шуд.

Бинобар иттилои мавҷуда, Роналду бо “Ал-Наср” барои ду сол шарнома бастааст ва солона аз 75 то 200 миллион евро маош мегирад. Чанд муддати охир Роналду футболбози озод буд ва мехост ба ягон бошгоҳи аврупоӣ даъват шавад, вале нашуд ва билохира ба пешниҳоди “Ал-Наср” розигӣ дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *