Ронанда пиёдагардро дар пиёдагузар ба ҳалокат расонду ҳабс шуд

Ронандаи мусофирбари сабукрав дар роҳи пиёдагузар марди 56-соларо зер намуд, ки мард дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои раёсати корҳои дохилии Душанбе, садама баъди зуҳри 29-уми ноябр рух дод.

Таъкид шудаст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аксент», сокини 26-солаи шаҳри Ҳисор Фаридун Ҳакимов, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ ба самти кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт пиёдагардро зер кардааст.

Мақомот мегӯянд, ронанда бо сабаби баланд будани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардро, ки тавассути роҳи пиёдагузар аз қисмати рости роҳ ба тарафи чап мегузашт, зер намудаст.

Ба иттилои раёсати корҳои дохилии Душанбе, пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, алайҳи ронанда парвандаи ҷиноӣ оғоз шудаст. Ӯ ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *