Россия:Марги муҳоҷир дар навбати муоинаи тиббӣ

 Шаҳрванди 50-солаи Тоҷикистон Иброҳим Бобомуродов, дар навбат барои муоинаи тиббӣ дар роҳрави беморхонаи Маскав ҷон додааст.
Бино ба гуфти раиси Иттиҳодияи ҷавонони тоҷики Русия Иззат Амон,Бобомуродов бо шикоят аз дарди қалб ба беморхона омадааст: “Аммо духтур гуфтааст, навбаташро интизор шавад. Бобомуродов тӯли ним соат болои курсӣ нишаста, ҷон додааст. Вақти навбаташ духтур ӯро даъват кардааст, аммо ҷавобе нарасидааст. Наздаш омадаанд, ки ӯ аллакай фавтидаст”.

Марҳум зодаи ноҳияи Шаҳринав деҳаи Чузист ва то ҳол натавонистаанд наздиконашонро пайдо кунанд. Дар назар аст, ки ҷасад имшаб ба Ватан интиқол дода шавад ва аз наздиконаш хостааст, бо рақамҳои +992 907562080 дар тамос шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *