РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛӢ  ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

 Ду  соли охир дар мамлакат 820 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат бо 20 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин дар ин давра истеҳсоли беш аз 35 намуди маҳсулоти саноатии нав ба роҳ монда шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳамаҷониба ва самаранок истифода намудани имкониятҳои истеҳсолӣ, ҳарчӣ бештар ҷорӣ намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ, тақвият бахшидан ба сифати молу хизматрасонӣ, кам намудани хароҷоти барзиёд ва истифодаи дурусту самараноки захираҳо, содда ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда истодааст. Зеро фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва фароҳамсозандаи ҳаёти босаодати мардум, инчунин заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.

Натиҷаи чунин иқдомҳои созанда аст, ки тӯли ду соли охир дар мамлакат 820 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат бо 20 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин дар ин давра истеҳсоли беш аз 35 намуди маҳсулоти саноатии нав ба роҳ монда шуд.

Инчунин, татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ҳамасола ба андозаи зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, беш аз 650 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ таъсис дода шавад.

Маҳз чунин иқдомҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон cанаи 14 октябр ҳамчун рўзи соҳибкор (дар асоси  моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид») ҷашн гирифта мешавад. Ба андешаи мо, амали мазкур ба ҷалби диққати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бемайлони он мусоидат менамояд. Эътирофи хизматҳои шоёни соҳибкорон ва ҷашн гирифтани «Рўзи соҳибкор» дар мамлакат саривақтӣ буда, ба бедорсозии мароқ, ҳимматбаландӣ ва меҳнатдӯстии соҳибкорон мусоидат менамояд. Бори дигар, баҳри эътирофи болоравии мақому манзалати соҳибкорон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти анъанавии худ бо соҳибкорон ба муносибати Рўзи соҳибкор зикр намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таҳким бахшидани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавсеаи моликияти хусусӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад”.

Дар Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташкили марказҳо ва курсҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорону тоҷирон, сатҳи касбият ва малакаи онҳо чораҳои мушаххас андешад.

Ҳамасола пайваста аз тарафи мақомоти давлатӣ баҳри рушди касбият ва баланд бардоштани малакаву маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорон тадбирҳои судманд амалӣ шуда истодаанд.

Роҳбарияти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат низ баҳри амалисозии ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси фаъолияти соҳибкорӣ, рушди касбият ва баланд бардоштани малакаву маҳорати соҳибкорон чораҳои судмандро амалӣ намуда истодааст. Донишкада тӯли арзи вуҷуди худ беш аз 10 000 нафар мутахассисони баландихтисосро омода намудааст, ки дар бахшҳои мухталифи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти миллӣ кору фаъолият намуда истодаанд. Инчунин бо ҳадафи баланд бардоштани малакаву маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорон бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Фонди Хуаксин «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» дар донишкада Маркази рушди касбият таъсис дода шудааст, ки маркази муосири такмили малакаву маҳорати соҳибкорони навовар, менеҷерҳо ва маркетологҳо мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар шароити муосир соҳибкорон кафили устувории иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа мебошанд. Имрӯз соҳибкорон ҷойҳои нави корӣ фароҳам месозанд, буҷети давлатро ғанӣ мегардонанд, маҷмўи маҳсулоти дохилии мамлакатро афзун мегардонанд ва ба баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии аҳолии мамлакат мусоидат менамоянд. Тавре зикр гардид, имрўз дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофи соҳибкории истеҳсолӣ аҳамияти махсус дода мешавад, зеро фаъолияти соҳибкорӣ ба тағйирдиҳии сохтори соҳавии иқтисодиёт, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ, тавсеаи бозори истеъмолӣ, баландбардории иқтидори содиротии мамлакат, истифодаи самараноки иқтидорҳо ва захираҳои ашёвии мамлакат, баландбардории сатҳи фарҳангии ҷомеа, ташаккули арзишҳо ва ғояҳои нав мусоидат менамояд.

Воқеан, дурнамои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бо инкишофи  соҳибкории истеҳсолии инноватсионӣ алоқаманд аст, ки он дар навбати худ ба густариши фаъолияти истеҳсолии субъектҳои хоҷагидорӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, ҳамчунин дар ин замина таъмин намудани ҳаёти шоистаи аҳолии мамлакат равона гардидааст. Бояд қайд намуд, ки ҳалли проблемаи рушди бемайлони иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо истифодаи соҳибкории истеҳсолӣ ҳамчун омили асосии рушди иқтисоди миллӣ алоқаманд аст. Зеро тавре гуфтаанд: “Истеҳсолот дар иқтисодиёт рушд мекунад ва иқтисодиёт аз истеҳсолот рушд менамояд”.

Бо ҳадафи таҳким бахшидан ба рушди босуботи фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар стратегияву барномаҳои давлатӣ дар мамлакат масъалаи баланд бардоштани самаранокии истифодаи дороиҳои миллӣ, махсусан нерўи инсонӣ ва воситаҳои асосӣ самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.

Ҳукумати кишвар то имрўз бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ислоҳоти иқтисодиро бомаром идома бахшида истодааст. Солҳои охир аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудаанд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ вазифагузорӣ гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки танҳо тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ зиёда аз 154 лоиҳаи тиҷоратӣ дар 49 шаҳру ноҳияи кишвар ба маблағи 200 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардидааст. Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари фароҳам омадани имкониятҳои молиявӣ ҳаҷми маблағҳоро барои Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкорӣ ҳамасола афзоиш дода, сандуқи қарзии онро зиёд намуда истодааст.

Дар воқеъ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ заминаи боэътимоди таъмини бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ бо молҳои ватанӣ, густариши иқтидори содиротии мамлакат, ташаккули имконоти воридотивазкунӣ, таъмини cатҳи инкишофи босуръати маҷмўи маҳсулоти дохилии мамлакат, васеъсозии муносибатҳои иқтисодии байналмилалии мамлакат мебошад.

Масъалаи афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат бо роҳи рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, беҳтар намудани зерсохторе, ки ба тараққиёти соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургияи ранга, саноати сабук ва хўрокворӣ равона шудааст, зарур мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ, истеҳсолоти кимиёвӣ, металлургияи ранга, металлҳои қиматбаҳо ва ғайраҳо мебошад. Имконоти коркарди захираҳои бойи табиӣ ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ на танҳо иқтидори содиротии мамлакатро зиёд мегардонад, балки иқтидори воридотивазкуниро низ афзун менамояд.  Бинобар ин, дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ки ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда аҳамияти махсус дода шуда, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истихроҷи маъдан, коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Самтҳои афзалиятноки иқтидори ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунандаи иқтисодиёти мамлакат, электроэнергетика, металлургияи ранга, саноати кимиё, саноати сабук ва соҳаи қишоварзӣ буда метавонанд, ки дар заминаи истифодаи васеи иқтидори захиравии маҳаллӣ ва инсонӣ ташаккул меёбанд. Инчунин, дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби соҳибкорон бояд бо истифода аз технологияҳои нави ҷаҳонӣ истеҳсоли молу хизматрасониҳои рақобатпазири ватанӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамин тавр, қайд намудан зарур аст, ки андешидани тадбирҳои мазкур ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар мамлакат мусоидат менамояд, имконияти аз содиркунандаи ашёи хом ба содиркунандаи маҳсулоти тайёр табдил додани мамлакатро фароҳам сохта, барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ заминаҳои воқеиро ба вуҷуд оварда метавонад.

 

Фатҳулло Ҷабборов,

сардори шуъбаи таълими

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *