Рустамзода ба созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ сипос гуфт

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими номаи сипос ба шаш роҳбар ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвари мо ва созмонҳои ғайридавлатӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои КҲФ, номаҳои сипосро раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода тақдим намуд.

Дар мулоқот сарвари Кумита саҳми ҷамъомадагонро дар бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2023 сутуда ва изҳори ташаккур намудааст.

Бо супориши раиси КҲФ барои ҳамкориҳои фавриву самаровар дар бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ роҳбарони Агентии Оғохон оид ба муҳити зист, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Хазинаи кӯдакони СММ дар ҶТ, Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ, САҲА ва созмони ғайридавлатии “Дили хайрхоҳ” бо номаҳои сипос сарафроз гардонида шудаанд.

— Сарвари КҲФ дар суханронии худ бори дигар ба шарикон изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки тамоми корҳои анҷомдодашуда барои расонидани кумак ба аҳолии осебдида равона карда шуда, бешубҳа ҳаёти одамонро наҷот дода, ба ҳарчи зудтар барқарор намудани оқибатҳои офати табиӣ ва осон кардани мушкили ниёзмандон равона шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *