Рӯзи Ҳиндустон ва рӯнамоии “Армуғони Ҳинд”

26 январи соли равон дар Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон таҷлил карда шуд. Маросим бо барафрохтани тантанавии Парчами миллӣ аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уике дар саҳни бинои сафорат оғоз ёфт. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 намояндаи ҷомеаи ҳиндӣ ва дӯстони Ҳиндустон дар Душанбе иштирок доштанд.

Пас аз барафрохтани Парчами миллӣ Суруди миллии Ҳиндустон садо дод. Сипас, сафир Уике Паёми Президентии Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Драупади Мурмуро бахшида ба Рӯзи Ҷумҳурӣ қироат намуд.

Дар идома Раҷеш Уике ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон табрик гуфт. Ӯ аҳамияти ҷашни Рӯзи Ҷумҳуриро таъкид карда, дар бораи муносибатҳои пойдор миёни Ҳиндустон ва Тоҷикистон суҳбат кард.

Қисми фарҳангии ҷашн ба таҷлили 150-солагии Суруди миллии Ҳиндустон — «Ванде Матарам» бахшида шуд. Донишҷӯёни Маркази фарҳангии Свами Вивекананда ин сурудро бо рақсҳои миллии ҳиндӣ иҷро карданд.

Дар идомаи маросим, китоби ҳиндушиноси маъруфи тоҷик, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Замира Ғаффорӣ таҳти унвони «Раҳоварди Ҳинд» бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уике ва ҳиндшиноси маъруф, профессор Ҳабибулло Раҷабов рӯнамоӣ гардид.

Зикр гардид, ки китоби профессор, Замира Ғаффорӣ “Раҳоварди ҳинд. Нигоҳе ба адабиёт ва фарҳанги форсӣ дар Ҳиндустон” ба масоили мухталифи марбут ба фарҳанг ва адабиёти форсизабони Ҳиндустон, сайри таърихии адабиёти форсӣ дар ин сарзамин, мундариҷа ва ғояи осори адабии суханварони номвар ва нақши давлатмардони фарҳангпарвару адабиётдӯсти форсӣ-тоҷикӣ, ҳамзамон нақду баррасии нусхаҳои хаттии осори форсии дар ин қаламрав эҷодшуда пайвандшиносии ду минтақаи муҳим – Шибҳи Қораи Ҳинд ва Осиёи Марказиро дар иртибот ба шоҳроҳи бузурги Абрешим қарор гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *