Садамаҳое,ки боиси марги кӯдакон гаштанд

Бино ба иттилои ВКД рӯзи 3-юми июли соли 2017, тахминан соати 18:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 23-солаи деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат аз самти н.Восеъ ба самти ш.Душанбе, дар деҳаи Баҳористон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 5-солаи деҳаи Баҳористонро пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, рӯзи 4-уми июли соли 2017, тахминан соати 01:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 23-солаи сокини деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ч.Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Панҷи-поён, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2109”, таҳти идораи марди 25-солаи сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи “Опел-Астра” ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *