Бародари Гулмурод Ҳалимов милисаро бо корд заду…

Сомонаи «Пайк” хабар дод, ки шаби гузашта дар ҳудуди деҳаи Ибрати ноҳияи Восеъ байни мақомоти интизомӣ ва 7 тан аз наздикони полковник Гулмурод Ҳалимов, ки мехостанд ба Афғонистон фирор кунанд, задухӯрди мусаллаҳона ба амал омадааст.

Ба гуфтаи манобеи»Пайк” дар мақомоти интизомӣ, ин 7 нафар, бо шумули як бародари Гулмурод Ҳалимов ва 6 тани дигар қасди фирор ба Афғонистонро доштаанд, вале онҳоро дар роҳ ба сӯи марз дар ҳудуди деҳаи Ибрати ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ дарёб кардаанд.

Як манбаи «Пайк” гуфтааст, ки дар натиҷаи задухӯрд дар Ибрат 4 тан аз ин гурӯҳ кушта ва се тани дигар боздошт шудаанд. Дар ин даргирӣ, ба гуфтаи ин манбаъ, як корманди милиса низ ҷароҳат бардоштааст.

Аммо манобеи дигари ин нашрия гууфтаанд,, ки бародари Гулмурод Ҳалимов ва ҳамаи 6 ҳамсафари вай дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, бародари Ҳалимов дар ҳақиқат бо корд як корманди милисаро захмӣ кардааст: «Ин ҳодиса шаб соатҳои 19 ба 20 дар деҳаи Ибрат рӯх дод, зеро аз кӯшиши убури онҳо огоҳ шуда, мехостанд монеъ шаванд, аммо ба кормандони мақомотмуқобилият карда, бародари Ҳилимов як корманди милисаро захмӣ намуд. Ҳолоҳамаи наздикони Ҳалимов, ки ҳафт нафар мебошанд, дар боздошт қарор доранд ванисбаташон тафтишот оғоз гардидааст.”

Сокинони деҳаи Ибрат гуфтаанд, ки ҳудуди 10-15 дақиқа садои тирпарониро шунидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *