Садама: Ронандаи ноболиғи бешаҳодатнома ба шаҳодат расид

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз як садамаи маргборе хабар дод, ки қурбонияш ронандаи ноболиғ будааст.

Тибқи иттилои ба Pressa.tj расида, 30-юми октябри соли 2022, тахминан соати 16:10 дақиқа ноболиғ Тағоймуродов Нурмаҳмад Зокирович, соли таваллудаш 2005, сокини пойтахт, бе шаҳодатномаи ронандагӣ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ронда, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Рӯдакӣ ба самти роҳи мошингарди ҶСК “Сементбарорӣ”-и шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби рости роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, худи ронандаи ноболиғ Тағоймуродов Н. З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур Сатторов Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *