Назарсанҷӣ: Қалин нархи духтар аст ё обрӯ?

Нархи қалин имсол чанд шуд? Дар кадом минтақа ба духтарон чӣ қадар қалин мебаранд? Духтардор ба чанд розӣ мешуда бошад? Чунинанд саволҳое, ки хоб аз сари домодшавандаҳо рабудаасту волидонашонро ором намегузорад. Дар қонун додани қалин гуфта нашудааст, вале дар шариати исломӣ ҳар зан бояд қалин ё маҳр дошта бошад. Аммо мегӯянд андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст. Дар бархе аз манотиқи кишвар нархи қалин бисёр боло аст ва аксарият инро ба беинсофии духтардорон рабт менамоянд. Аслан нархи қалинро набояд духтардор муайян кунад. Имрӯз духтардорон аз кам будани қалину писардорон аз зиёд будани он меноланд. Баъзеҳо бар онанд, ки қалини духтари хондагӣ бояд зиёдтар бошад. Ҳар духтаре, ки қалинаш зиёд бошад, дар байни дигар духтарон мефахрад, ки қимати болотар дорад. Оё дуруст аст, ки болои духтар нарх гузошта шавад? Духтарони имрӯза чӣ қадар қалин мехоҳанд? Ин саволҳо моро ба он водор намуданд, ки аз утоқи кориамон берун шуда, назари мардумро бипурсем. 

МАНИЖА, аз ноҳияи Ёвон, донишҷӯи ДДОТ:

Бароям 40 ҳазор сомонӣ биёранд!

Нарху навои имрӯзаро бинед. Барои мисол агар ба ман 30 ҳазор биёранд, ин маблағ намерасонад. Чанд сол пеш 10 ё 20 ҳазор сомонӣ барои хароҷоти арӯс мерасид. Аммо имрӯз нархҳо ба осмон расидааст, бо ин пул чизе харида намешавад. Барои мисол, як мӯйхушккунаки оддӣ аз дусад сомонӣ боло меистад, агар босифаташро гирифтанӣ бошӣ, қиматтар аст. Арӯс аз сӯзану ришта сар карда, либоси чор фасли солро бояд бигирад. Як дона лаълӣ худаш дар бозор 20 сомонӣ меистад. Агар шавҳар кунию тилло надошта бошӣ, ба ҳолат механданд. Хушдоманат мегӯяд, ки дасти холӣ омадӣ. Нархи тилло ҳозир ба ҳама маълум, магар осон аст? Духтар як рӯзгорро ба хонаи шавҳараш мебарад, аз пойафзолу либос сар карда, то дегу кафлес, гилему пардаи дару тиреза, дивану тафдон, мебел ҳамаи инро харидан даркор.

ТАМАННО, аз Шаҳринав, донишҷӯи Донишкадаи тиббӣ иҷтимоӣ:

Барои худам нарх монда наметавонам

Дар ҷои мо қалин аз 25 ҳазор сар мешавад, то 30 ҳазор қалин медиҳанд. Баъзеҳо умуман қалин намедиҳанд, маҳсулоти тӯйро ба ӯҳда мегиранду тамом. Духтардор агар нагӯяд, писардор вобаста ба даромади худаш қалин медиҳад, вале агар духтардор нарх муайян кунад, ҳамон қадарро медиҳад. Шахсан падари ман намегӯянд, ки ба духтари ман чӣ қадар қалин биёр. Вақте ба апаҳоям хостгор омад, падарам нагуфтанд, ки чӣ қадар биёранд, вале ҳангоми зангирии бародарам духтардор 40 ҳазор биёр гуфт, мо ҳам қабул кардем. Ҳозир нархҳо қиммат аст, бояд инро ба инобат гирифта, қалин биёранд.

ФОТИМА, аз шаҳри Хуҷанд, донишҷӯи ДМТ:

Қалинам ками камаш бояд 50 ҳазор бошад.

Дар мо қалин нест, вале маҳри зан ҳаст. Ба фикри ман нарх мондани духтардорон дуруст аст. Ба духтарҳое, ки нохондаанд, қалини кам диҳанд мешавад, аммо ба онҳое, ки мехонанду диплом доранд, қалин ҳадди ақал бояд 50 ҳазор бошад. Шахсан худи ман дар донишгоҳ тариқи шартномавӣ мехонам. Ҳар сол 18 ҳазор сомонӣ пул месупорам, хонаводаам барои ман давоми як соли пули зиёд масраф мекунанд. Баъди хатми донишгоҳ ягон фоидаи ман ба волидайнам намерасад, зеро агар кор кунам, маошамро дар хонаи шавҳарам сарф мекунам. Ин барои падару модарам беинсофӣ нест, магар?

МАКНУНА, аз Сангвор, донишҷӯи ДДТТ:

Хароҷоти ҳафтсолаамро мебарорам!

Ман ҳафт сол мехонам. Барои ҳамин пули шартнома ва хароҷоти ҳафтсолаамро ба назар гирифта, нархи қалинро боло мебардорам. Бар замми ин, қалине, ки писардорон медиҳанд, бояд талаботи худи онҳоро қонеъ карда тавонад.

СОКИНА, аз шаҳри Турсунзода, донишҷӯи ДСРТ:

Мехоҳам қалинам 40 ҳазор бошад

Ман дар донишгоҳ тариқи шартномавӣ мехонам, аз курсҳои пухту паз, дӯзандагӣ, қаннодӣ сертификат дорам. Курси махсуси ронандагиро хатм карда, ҳуҷҷати ронандагӣ ҳам дорам. Агар талаботи рӯзро ба инобат гирем, бояд маблағи қалин барои тамоми хароҷоти тӯёна расад. Соли гузашта вақте апаам шавҳар кард, барояш 45 ҳазор қалин доданд, ки бо як азоб хароҷоташро рупӯш намуд. Нархҳо қиммат аст, бояд писардор инро ба инобат гирад.

СУРАЙЁ, аз ноҳияи Тоҷикобод, донишҷӯи ДДОТ:

Қалин кам бошад, тӯй намешавад!

Дар мо духтардор намегӯяд, ки чӣ қадар қалин биёранд, ин ба худи писардор вобастагӣ дорад. Рафту қалини кам биёранд, тӯй барпо намешавад. Чанде пеш духтари амакамро ба шавҳар доданӣ шудем, рӯзи тӯй писардор қалинро кам овард, амакам дар ҷояш тӯйро боздоштанд ва ба издивоҷ ризоият надоданд.

НИГОРА, аз ноҳияи Файзобод, донишҷӯи ДДТТ:

45-50 ҳазор сомонӣ ҳам кам аст!

Дар ҷойҳои мо мардум барои духтарони нохондаашон аз 40 ҳазор боло қалин мегиранд. Замони 20 ҳазору 30 ҳазор сомонӣ гузашт. Барои як духтарро калон кардану хонондан падару модар чӣ қадар заҳмат мекашанд, боз дар ҳоле, ки аз қалини ман ҳеҷ фоидае ба онҳо намерасад. Бо пули қалин ман чизу чора мехараму ба хонаи домод мебарам. Гоҳо мешавад, ки духтардор дар тӯй аз писардор дида, зиёдтар пул сарф мекунад.

ДИЛДОРА, аз Данғара, донишҷӯи ДМТ:

Арӯси беҷиҳоз таънашунав мешавад!

Аксари хостгорон бо шунидани нархи баланди қалин аз хонаи духтардор баромада мераванд. Хуб мешуд, ки писардорон қабл аз он ки ба ҷое хостгорӣ мераванд, нағзакак фикр кунанд. Бинанд, ки ба кадом духтар имкону шароиташон мерасонад. Шояд додани 30 ҳазор сомонӣ беинсофӣ бошад, аммо талаботи рӯз чунин аст. Духтар, ки ба хонаи шавҳараш чизе набарад, аз рӯзи аввал таънашунав мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *