Садриддин Айнӣ- асосгузори кишваршиносӣ ва минтақашиносии навини тоҷик

Дар миёни ихтисосҳо ва ё касбҳои замони нав кишваршиносӣ ва минтақашиносӣ яке аз мубрамитарин ихтисоси модерн шинохта мешавад. Ҳар як ихтисосу  касбро донишманде асос гузоштааст. Асосгузори кишваршиносӣ ва минтақашиносии муосири тоҷик  аллома  Садриддин Айнӣ мебошад.

Садриддин Айнӣ аввалин мақолаашро бо унвони “Кишваршиносӣ”, аз рӯйи як маъхаз ҳанӯз соли 1926 навишта ва соли  1927 онро дар шумораи  якуми  журнали “Дониш-биниш” ба чоп расондааст. Муаллиф дар ин мақола ҳадафҳои асосии  илми кишваршиносӣ ва минтақашиносиро муайян намуда, чунин қайд мекунад:

“Мақсади охирини кишваршиносӣ аз ҳар ваҷҳ шинохтани кишвар аст ва ҳар коре, ки  мекунад, ҳамин мақсадро дар назар  гирифта мекунад, аҳволи гузаштаи кишварро тафтиш менамояд, маданияти куҳнаю осори  антиқа, роҳҳои обӣ, ки замони гузашта аз  онҳо истифода карда шудааст, шаҳрҳои куҳнае, ки  дар як замон маркази тиҷорат, саноат ва сиёсат буданд, конҳое, ки  мардумони гузашта аз онҳо фоида бурдаанд, киштзорҳои қадимаи қабила ва  мардумоне, ки  пештар дар он ҷо зиндагӣ кардаанд, урфу одати онҳо ва монанди онҳоро тафтиш намуда, ба санадҳо ва  васиқаҳои таърихӣ собит мекунад”.

Видеоро аз зодгоҳи Садриддин Айнӣ ин ҷо бубинед:

Ин таърифро  устод Садриддин Айни 94 сол қабл гуфта буд, ки имрӯз ҳам барои барномаи  кишваршиносӣ комилан мутобиқ аст.

Масъалаҳои марбут ба кишваршиносӣ ва минтақашиносӣ, инчунин, дар мақолаҳои дигари устод Садриддин Айнӣ, аз ҷумла “Канали Туқсанкорез”, “ Канали Марғедар”, “Қозиҳои пеш аз Октябр” хуб инъикоси худро ёфтаанд.

Чунон ки маълум аст, моҳи ноябри соли 1940 устод Садриддин Айнӣ аз Самарқанд ба Панҷакент ва аз он ҷо ба Марғедар, маҳалли сохтмони канали Марғедр сафар намуд. Дар рафти шиносоӣ бо сохтмон равшан гардид, ки дар байни сохтмончиён шахсоне меҳнат мекунанд, ки  онҳо аз деҳаи Рӯдак ва ҳамдиёрони  устод Рӯдакӣ буданд. Нависанда бо онҳо аз наздик шинос шуда, дар бораи  маҳалли ҷойгиршавии Рӯдак бисёр чизҳоро пурсида гирифт ва дар поёни ҳамон сол устод Садриддин Айнӣ очерки кишваршиносии “Қабри устод Рӯдакӣ”-ро анҷом дода, онро ба чоп расонд.

Дертар устод Садриддин Айнӣ очерки таърихию-этнографӣ ва кишваршиносии “Кӯҳистон”-ро навишт, ки он аз забони фалғариёни сокинони Самарқанд нақл шудааст. Дар асри Х1Х ва аввали асри ХХ ноҳияҳои имрӯзаи Айнӣ ва дигар маҳаллаҳои саргаҳи Зарафшон, дар  адабиёти таърихию-ҷуғрофӣ маҳз бо номи “Кӯҳистон” маъруф буд. Устод Садриддин Айнӣ дар ҳаёташ боре ҳам ба кӯҳистон сафар накардааст. Аз рӯйи  шаҳодати олим ва адиби маъруфи тоҷик Раҳим Ҳошим дар солҳои 20-уми  асри ХХ саройбонҳои шаҳри Самарқанд заҳматободӣ, яъне айнигӣ буданд. Онҳо шиносон ва ҳамсуҳбатони ҳамешагии устод Айнӣ буданд. Аз ин рӯ, нависанда маълумотҳоро оиди зиндагӣ ва расму русуми мардуми кӯҳистон маҳз аз нақли ҳамин шиносҳои кӯҳистониаш ба даст меовард.

Устод  Садриддин Айнӣ аз рӯи навиштаи шогирдонаш як хислати басо аҷиб дошт. Вай дар ҳар маврид, ки бошад, дар маҷлис, дар роҳ ё дар бозор бо ҳар касе рӯ ба рӯ шавад барои суҳбат бо вай мавзӯи муносиб меёфт, ки будани падару бобояшро мепурсид ва ҳар як ҷузъиётро аз назар дур намекард. Дар Самарқанду Бухоро, камтар касе ёфт мешуд, ки  устод Садриддин Айнӣ писари кӣ будани вай, чӣ кора будани вай, чӣ хел одам будани падар ва ҳатто бобои ӯро надонад. Ҳеч кас аз бухороиҳо дар назди устод Айнӣ шаҷара ва ҷойи истиқомати худро пинҳон дошта наметавонист. Ин сифатҳои нависанда барои кишваршиносони ҳақиқӣ шудан ҳатмист.  

Дар ибтидои соли 1949 устод Садриддин Айнӣ ба Бухоро сафар кард ва дар ин сафар ӯро нависандагони ҷавон С. Улуғзода ва Ҷ. Икромӣ ҳамроҳӣ намуданд. Дар рафти ин сафар устод як қатор масъалаҳои кишваршиносии таърихро ҳаллу фасл намуд. Масалан, устод Садриддин Айнӣ ба рустои Рометан рафта, ҷойи таваллуди Абӯалӣ ибни Синоро дақиқ муайян кард.  Устод Садриддин Айнӣ дар синни 69 солагӣ ба навиштани “Ёддоштҳо” пардохт. Ин асари адабию-ёддоштӣ худ як ёдгории кишваршиносӣ ба шумор меравад ва кишваршиносон пайваста онро ҳамчун манбаъ истифода мекунанд.

Меҳрубон Саидов, минтақашинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *