«Рекламная газета» ба 10 саволи шумо посух медиҳад

1.Футболбози машҳури  аргентинӣ, ҳамлагари тими “Барселона” Лионел Месси ба кайҳон парвоз мекунад?

2. Чаро агар пагоҳ кастинги космонавтӣ шавад, Мессо аз он мегузараду рақиби доимияш футболбози португалӣ, ҳамлагари дастаи “Ювентус” Криштиану Роналду ё худ хоккейбози маъруфи рус, капитани клуби «Вашингтон Кэпиталз” Александр Овечкин аз он гузашта наметавонанд?

3. Шумо аз мусобиқаи шоҳмот, ки “Рекламная газета” ташкил кардаасту се ҳафта боз идома дорад, огоҳ ҳастед? Оё медонед, ки Шоҳҷоизаи мусобиқа 3000 сомонист? Чӣ тавр дар он иштирок кард ва ғолиб омад?

4. Олимони дунё ба хулоса расидаанд, ки Моҳ замоне дар натиҷаи бархурди сайёраи мо Замин бо як сайёраи дигар ба вуҷуд омадааст. Он сайёра чӣ ном дошт ва ҳоло дар куҷост?

5. Ҳиндузани камбағале ҳар руз ду нон пухта, якеро ба аҳли оилааш медод, дигареро назди тирезаи хона мегузошт барои ягон раҳгузар. Вақтҳои охир онро марди кузапуште гирифта мерафт, аммо бидуни миннатдорӣ. Зан аз ин носипосӣ ба ғазаб омаду ба нони дуюм заҳр андохт… Ҳодиса бо чӣ анҷом ёфт?

6. Телевизор, яхдон ё компютератон вайрон шуду устоеро намедонед, ки мушкилатонро осон созад?

7. Кайҳо боз дар орзуи харидани квартира ё ҳавлӣ ҳастеду дар ин шаҳри азим аз кадом куча сар кардани ҷустуҷуро намедонед? Ҳоҷат ба чунин саргардонӣ ва кучагардӣ нест. Метавонед аз хона набаромада, хонаи дилхоҳатонро ёбед. Чӣ тавр?

8. Ҳанӯз издивоҷ накардаеду аз шарму истиҳола наметавонед ягонаи худро пайдо кунед, ё худ баъди аз ҳамсар ҷудо шудан мехоҳед бахтатонро дубора санҷед? Ин мушкилатонро метавонад “Клуби “Шанс” ҳал кунад. Клуби мазкур дар куҷост?

9. Моҳи шарифи Рамазон омад. Он моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд бошад. Ҳамчунин барои нумуи организм ва офият аз бемориҳо басо судманд аст. Оё аз 10 таъсири ғайриодии рузадорӣ ба организм хабардор ҳастед?

10. Шайх Музаффар Шукур нахустин кайҳоннаварди Малайзия буд, ки ба кайҳон парвоз кард. Парвозаш ба моҳи шарифи Рамазон рост омад. У дар кайҳон чӣ гуна руза гирифту чӣ тавр намоз хонд?

БА ИН САВОЛҲО МЕТАВОНЕД ДАР ШУМОРАИ НАВИ “РЕКЛАМНАЯ ГАЗЕТА” (№15, аз 15.04.2021) ҶАВОБ ПАЙДО НАМОЕД.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *