Киштии «Садриддин Айнӣ» дар Уқёнуси Ором

Ду сол қабл ҳамроҳи дӯстонам Иброҳимҷон Дӯстализода ва Бузургмеҳри Баҳодур озими шаҳри Самарқанд шудем ва нахуст ба зиёрати хона-музейи устод Садриддин Айнӣ рафтем. Шарафёб шудан ба зиёрати ҳавлие, ки як қисмати онро устод бо дастони худ сохтаву бештари умрашро дар он сипарӣ карда, беҳтарин асарҳояшро дар зери боми он эҷод кардааст, барои ҳар яки мо саодати бузурге буд.

Тавсифи осорхонаи устод Айнӣ ва экспонатҳои ҷудогонаи он бимонад барои баъд, ман ба шумо дар бораи як факти ҷолибе, ки дар ин осорхона рӯ ба рӯ шудам, маълумот медиҳам. Ҳангоми тамошои осорхона чашмам ба акси сиёҳсафеде афтод, ки дар он киштие дар рӯйи баҳр намудор ва дар танаи он “Садриддин Айнӣ” навишта шуда буд… Ростӣ то ин вақт ба номи устод Айнӣ гузошта шудани киштиро намедонистам, бинобар ин дар блакнотам ин фактро қайд карда мондам.

Вақте ба Душанбе омадам, аз чандин нафар дӯстони айнишинос ва алоқамандони эҷодиёти устод Айнӣ дар мавриди ин киштӣ пурсон шудам, вале касе ҳарфи мушаххасе нагуфт. Дӯстони фейсбукӣ шояд ба ёд доранд, ки он замон акси киштиро дар саҳифаам корида будам ва назарҳое ҳам ба вуҷуд омада буданд.

“Ҷӯянда ёбанда” гуфтаанд, билохира суроғи ин киштиро пайдо кардам.

Бояд гӯям, ки “Садриддин Айнӣ” теплоход аст. Намедонам, ба забони тоҷикӣ теплоход чӣ мешавад, бинобар ин онро теплоход гуфтан мегирам.

Соли 1978 дар саросари Иттифоқи советӣ 100 солагии устоди муаззам Садриддин Айнӣ бо шукуҳ таҷлил шуд. Дар доираи ин ҷашн, китобу брошюра, маркаву медалҳои ҷашнӣ нашр шуда, чун рамзи эҳтиром ба хизматҳои нависандаи тоҷик кӯчаву як қатор хиёбонҳо, муассисаву иншоот ба номи устод Садриддин Айнӣ гузошта шуд. Аз ҷумла, алоқамандони устод дар флоти ҳарбии Иттифоқи советӣ низ ба ин маъракаи поси хотир ҳамроҳ шуда, ба хулосае меоянд, ки теплоходи нави Флоти Уқёнуси Оромро ба номи нависандаи забардасти тоҷик гузоранд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ба теплоход номи “Садриддин Айнӣ” гузошта шуд.

Дар сомонаи флот ҳатто шиносномаи теплоход мавҷуд аст:

«САДРИДДИН АЙНИ»:
Проект: 1588, тип «Василий Шукшин»
Приписка: бухта (база) Тикси (Владивосток, РФ)
Владелец: ОАО СК «Арктическое морское пароходство» (РФ)
IMO: 7830997
Регистровый №: 790535
Регистр: РМРС
Формула класса: КМ*Л2
Позывной: UMWA
MMSI: 273194100
Строительный №: 1204
Построено: 30.11.1979
Место постройки: Судостроительный завод «Ока» МСП СССР (ССЗ №342, предприятие п/я №31)
Текущее состояние: Работает.”

Теплоходи “Садриддин Айнӣ” солҳои тӯлонӣ дар баҳри Ҷопон (Японское море) шино кардааст.
Баҳри Ҷопон – як қисмати сарбастаи Уқёнуси ором аст, ки дар миёни материкаи Осиё, нимҷазираи Куриё ва ҷазираҳои Сахалин, Русия ва Ҷопон воқеъ аст.

Тавре аз маълумотҳо бармеояд, теплоходи “Садриддин Айнӣ” теплоходи боркашон буда, ҳанӯз ҳам дар рӯйи мавҷҳои уқёнус аст, вале бо номи дигар. Пас аз пош хӯрдани Иттифоқи советӣ, дар Русия низ милликунонии номи иншооту муассисаҳо оғоз шуд ва теплоходи “Садриддин Айни” номи “Мария”-ро гирифт. Вале дар як паҳлӯйи он ҳанӯз ҳам навиштаҷоти “Садриддин Айнӣ” намудор аст.

Одил Нозир

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.